Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон: фаъолияти мактабҳои тоҷикӣ

Шуҳрат Шокирҷонов, махсус барои Asia-Plus

Тайи чанд соли охир овозаҳое ҷой доштанд, ки дар Ӯзбекистон гӯё қариб ҳар рӯз фаъолияти даҳҳо мактабҳои тоҷикзабон қатъ мешавад ва ба тоҷикони маҳаллӣ дигар илоҷе намемонад, ба ҷуз ба мактабҳои ӯзбекзабон ё русзабон додани фарзандони худ.

Мувофиқи ин мантиқ, то имрӯз дар Ӯзбекистон бояд ягон мактаби тоҷикӣ боқӣ намемонд, вале хушбахтона, маълум шуд, ки ин як дурӯғи маҳз аст – айни замон дар кишвари ҳамсоя 245 мактаби тоҷикӣ фаъолият дошта, 19-тои он дар вилояти Сурхондарё амал мекунад ва аз ин ҷо мо барои шумо навори видео таҳия кардем.

Дар ин мактабҳо барои таҳсил бо забони модарӣ ба кӯдакон аз оилаҳои тоҷикон тамоми шароит муҳайё карда шуда, омӯзгорони маҳаллӣ баҳри тарбияи онҳо дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллӣ ҳамаҷониба талош меварзанд.

Муътақидем, ки ҳар қадр бештар одамон аз забони худ дар бораи ҳамдигар маълумот гиранд, ҳамон қадр онҳо якдигарро хуб дарк кардаву эҳсос мекунанд ва то ба ҳамин андоза ба баҳсу низоъҳои бемаънӣ кашидани онҳо душвортар мешавад. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи «Салом соседи!» (Салом ҳамсояҳо) мо дар бораи одамони аҷиби кишварҳо, расму оин ва фарҳанги онҳо, ҳамчунин ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун маълумот хоҳем дод.

Ҳадафи роҳандозии лоиҳаи мо ба ҳамдигар боз ҳам наздику қаринтар кардани сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон тариқи наворҳои кӯтоҳи видеоӣ аст, ки ҳар яке метавонад аз онҳо барои худ чизи муфиде пайдо кунад.

Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ – Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед!

Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!

Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: [email protected]@asiaplus.tj ва [email protected].

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.