Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Оғози сафари расмии раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ва дидору гуфтушунидҳои ӯ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода;

– Дар Маркази тадқиқоти старатегии ҶТ ташкилоти «Хома» дар мавзӯи ҷорӣ намудани буҷетикунонии барномавӣ дар Тоҷикистон маҳфили навбатии матбуотӣ баргузор мекунад. Оғоз соати 09:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.0114 сомонӣ;

1 евро – 10.4929 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1446 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи бидуни истеъмоли тамоку

1935 – Дар назди Наркомати маорифи ҶШС Тоҷикистон Комиссияи фавқулода оид ба маҳви бесаводӣ таъсис дода шуд.

1960 — Корхонаи истеҳсоли трансформатори Қӯрғонтеппа ба истифода дода шуд.

2012 — Вакилони Маҷлиси намояндагони бидуни баррасӣ ва якдилона пешниҳоди президенти Тоҷикистонро дар бораи бекор кардани моддаҳои 135 (Туҳмат) ва 136 (Таҳқир) дар Кодекси ҷиноӣ дастгирӣ намуданд.

1906-1979 – Зодрӯзи доктори улуми филология, академики АИ ҶШС Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон Бобоҷон Ниёзмуҳаммедов.

1923 – Зодрӯзи актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сабзаҷон Шоҳисмоилова.

1930-1998 – Мавлуди олим-математик, профессор Эргаш Рӯзиматов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +3+8, рӯзона +18+23; дар шарқ шабона -2-7, рӯзона +9+14.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +19+24.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +30+32.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +21+23.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.