Ҳаҷми фарқи байни воридоту содироти Тоҷикистон – 825 млн. доллар

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тӯли 5 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 1,7 млрд. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 22 фоиз зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тлҷикистон, ҳаҷми содирот аз ҷумҳурӣ беш аз 429 млн. долларо ташкил додааст, ки қариб 13,3% нисбат ба моҳҳои январ-майи соли гузашта бештар аст.

Тӯли 5 моҳи соли ҷорӣ воридот ба маблағи наздики 1,3 млрд. доллар сурат гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 25% зиёдтар мебошад.

Ҳамин тариқ, касри тавозуни савдо беш аз 825 млн. доллар ва нишондиҳандаи рӯйпӯш кардани маблағи ҳаҷми воридот бо содирот – 34,2%-ро ташкил додааст.

Давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ қисмати асосии содирот аз Тоҷикистонро маҳсулоти минералӣ, металлҳои арзон ва маснӯот аз он ташкил додаанд.

Қисмати асосии воридот бошад, ба воситахои нақлиёт, мошин ва таҷҳизот, маҳсулоти минералӣ рост меояд.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия боқӣ монда, тайи 5 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Русия 385 млн. долларро ташкил додааст.

Ҳамчунин ба сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Қазоқистон (345 млн. доллар) ва Чин (260 млн. доллар) низ дохил мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.