Тоҷикистон узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ шуданист

Солҳои 2028-2029 Тоҷикистон ба ҳайати кишварҳои аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ дохил шуданист, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Бино ба иттилои манбаъ, имрӯзҳо Тоҷикистон барои дастгирии номзадиаш ҷиҳати интихоб ба сифати аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ бо созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ ва давлатҳои узви СММ гуфтушунид дорад. Дар нишасти сарони кишварҳои узви […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Солҳои 2028-2029 Тоҷикистон ба ҳайати кишварҳои аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ дохил шуданист, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯзҳо Тоҷикистон барои дастгирии номзадиаш ҷиҳати интихоб ба сифати аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ бо созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ ва давлатҳои узви СММ гуфтушунид дорад.

Дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Синдао роҳбарони созмон аз ниятҳои Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Дар баробари Тоҷикистон Қирғизистон низ номзадиашро ба узви ғайрдоимии Шӯрои амнияти СММ пешбарӣ карданист.

«Кишварҳои узви СҲШ нияти Тоҷикистону Қирғизистон доир ба пешбарии номзадиашонро ба аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ қайд карданд», – омадааст дар баёнияи Шӯрои сарони кишварҳо узви СҲШ дар Синдао аз 10 июни соли 2018.

Ба ҳайати Шӯрои амнияти СММ 15 давлат шомиланд, ки 5-тоашон – Чин, ИМА, Русия, Фаронса ва Британияи Кабир узви доимӣ мебошанд. Боқимонда 10 кишвари дигар дар Маҷмааи умумӣ интихоб шуда, панҷтои онҳо ҳар сол иваз мешаванд.

Ҳамасола санаи 2 март ҳамчун рӯзи узвияти Тоҷикистон ба СММ қайд карда мешавад. Рӯзи 29 январи соли 1992 зимни иҷлосияи Шӯрои амнияти СММ дар бораи пазируфта шудани Тоҷикистон ба сифати аъзои баробарҳуқуқи СММ қатънома қабул шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.