Ба макони нисбатан қулай гузаштани идораи “МегаФон Тоҷикистон” дар Шаҳритуз

Дар оғози моҳи июн идораи хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ноҳияи Шаҳритуз ба макони нисбатан барои муштариён қулай гузашт. Акнун он дар назди бозори марказии ноҳияи Шаҳритуз воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ 6 фаъолият хоҳад намуд. “Мо нуқтаҳои хизматрасониро дар минтақаҳои нисбатан серҳаракату серодам мекушоем, то ки мизоҷони мо тавонанд  масъалаҳои вобаста ба алоқаро дар […]

Иттилоияи расмӣ

Дар оғози моҳи июн идораи хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ноҳияи Шаҳритуз ба макони нисбатан барои муштариён қулай гузашт. Акнун он дар назди бозори марказии ноҳияи Шаҳритуз воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ 6 фаъолият хоҳад намуд.

“Мо нуқтаҳои хизматрасониро дар минтақаҳои нисбатан серҳаракату серодам мекушоем, то ки мизоҷони мо тавонанд  масъалаҳои вобаста ба алоқаро дар сари раҳи худ ҳангоми ба кор рафтан ё чун дар ҳолати мазкур ҳангоми омадан ба бозор ҳал карда тавонанд. Ҷиҳати дигари қулай он аст, ки дар макони нав кушодтар гардида, акнун мо метавонем дар он якбора ба якчанд муштариён хизмат расонем”, – мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.

“Ман ба идораи хизматрасонӣ ҳангоме, ки он дар макони пешина қарор дошт, бисёр мерафтам ва бо итминони комил гуфта метавонам: баъди гузариш ба макони нав он боз ҳам зеботар шуд. Ба ғайр аз ин имрӯз барои гирифтани машварат ҳатто як дақиқа ҳам интизор нашудам. Сарфаи вақт низ аз аҳамият холӣ нест!” – аз таассуроти худ хотиррасон шуда, изҳор дошт муштарии ширкат, сокини Шаҳритуз Абдулазиз САМИЕВ.

Дар идораи нав муштариён имкон доранд, ки дилхоҳ масъалаҳои худ – аз интихоби тарофа ва пуркунии ҳисоб то имкони харидан ва танзимкунии гаҷетҳои мобилиро ҳал намоянд. Дар рӯзи ифтитоҳи идора бошад, кормандони он барои боздидкунандагони нахустин иқдомро доир намуданд. Дар рафти он иштирокчиён соҳиби туҳфаҳои хотиравии оператор гардиданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.