КҲФ: Баҳои бепарвоии волидон – марги кӯдакон!

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ зимни оббозӣ дар кӯлу дарё ва обанборҳои кишвар 5 нафар ғарқ шуданд, ки се нафарашон кӯдакон ва синни калонтарини онҳо 15-сола мебошад.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳо фавқулода Умеда Юсуфӣ хабар дод, барои дарёфти ҷасадҳои онҳо наҷотдиҳандагони Кумита сафарбар шуда, ҳамаи ҷасадҳо дарёфт ва ба мақомоти марбута супурда шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби ҳалокати кӯдакон оббозӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда, надоштани малакаи шиноварӣ ва бепарвоии падару модарон мебошад, ки кӯдакони худро назди кӯлу дарё ва обанборҳо беназорат мегузоранд.

«Бо вуҷуди чандин маротиба огоҳ кардани Кумита аз риояи қоидаҳои бехатарӣ зимни оббозӣ ва шиноварӣ накардан дар ҷойҳои муқаррарнашуда, одамон ҳаёти худро зери хатар гузошта, ҳама гуна манъкуниҳоро ба инобат намегиранд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда бори дигар ба сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хотиррасон намуд, ки қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозиро риоя намуда, ҳаёти худро зери хатар нагузоранд.

Зимнан зикр гардид, ки маъмурияти минтақаҳои истироҳатӣ ҷиҳати бехатарӣ барои шаҳрвандон ва таъмини шиногоҳ (пляж)-у ҳавзҳои шиноварӣ бо таҷҳизоти зарурӣ тадбирҳо андешидаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.