Таҳияи стратегияи муштараки рушди иқтисоди кишварҳои ИДМ

Ҳайати Гурӯҳи корӣ оид таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди иқтисоди кишварҳои узви ИДМ дар давраи то соли 2030 аз намояндагони вазорату идораҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, доираҳои илмӣ ва кории кишварҳои узви Иттиҳод таъсис дода мешавад. Ин гурӯҳи корӣ бояд аз семоҳаи аввали соли 2019 ба кор шурӯъ намояд. Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ, ки санаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳайати Гурӯҳи корӣ оид таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди иқтисоди кишварҳои узви ИДМ дар давраи то соли 2030 аз намояндагони вазорату идораҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, доираҳои илмӣ ва кории кишварҳои узви Иттиҳод таъсис дода мешавад. Ин гурӯҳи корӣ бояд аз семоҳаи аввали соли 2019 ба кор шурӯъ намояд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ, ки санаи 14 июн дар шаҳри Маскав доир гардид, чунин қарор қабул шуд. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода намояндагӣ кард.

«Ба Кумитаи байнидавлатии омор дастур дода шудааст, ки ба пайгирии нишондиҳандаҳои асосии ҳадафноки макроиқтисодӣ дар рушди иқтисоди кишварҳои узви ИДМ идома бахшида, ин маълумот ба ҳукуматҳои давлатҳои узви Иттиҳод ҷиҳати истифода зимни амалисозии чорабиниҳо баҳри ҳалли масоили муҳим дар бахши иқтисоду молия пешниҳод мегардад», – хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа лоиҳаҳои як қатор санадҳо, аз ҷумла Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳо оид ба таъмини омодагӣ дар ҳолатҳои садамаи ядроӣ ё хатари радиатсионӣ ва бартараф кардани оқибатҳои онҳо, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани сарчашмаҳои беморӣ ва зарароварандагони ҷангалҳо дар қаламравҳои наздимарзии ИДМ, ки ба баррасии Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ пешниҳод мешаванд, маъқул шуморида шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз лоиҳаи Консепсияи ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ оид ба рушди истеҳсоли таҷҳизоти технологии сифаташ олии энергетикӣ ва Нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба амалисозии он низ ҷонибдорӣ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Барои навъҳои ҷудогонаи кондитсионерҳо меъёр се баробар ва барои қандилу чароғҳои деворӣ - ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.