Ӯзбекистон шартномаи қитъаҳои марзро бо Тоҷикистон тасдиқ намуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қонун дар бораи тасдиқи шартнома дар бораи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳади байни Ӯзбекистону Тоҷикистонро ба имзо расонид.

Қонун 31 май аз ҷониби Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон қабул ва санаи 29 июн аз ҷониби Сенати ин кишвар маъқул шуморида шуд.

Шартнома дар бораи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳади байни Ӯзбекистону Тоҷикистон дар доираи сафари давлатии прещзиденти Ӯзбекистон ба Душанбе санаи 9 март ба имзо расида буд.

Дар ҷаласаи 15-уми пленарии Сенат, ки дар он қонун маъқул шуморида шуд, зикр гардид, ки ҷонибҳо дар аломатгузорӣ ва таъйини 99,99% ё худ 192,7 километри сарҳад байни давлатҳо ба мувофиқа расидаанд. Аз рӯи ин қитъаҳо харитаҳои топографӣ таҳия шуданд.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар сарҳади давлатии Тоҷикистон то имрӯз як қитъа дар мавзеи нерӯгоҳи барқи обии «Фарҳод» мувофиқа нашудааст, ки масофаи он 2 километр буда, дар он партовгоҳ воқеъ аст.

«Ин қитъа дар маҳалли пайвастшавии сарҳади вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон воқеъ буда, дар он ҳеҷ гуна иншоот ва маҳаллаи аҳолинишин вуҷуд надорад, танҳо партовгоҳ ҷойгир аст», – хабар дода буд ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Зимнан изҳори бовар шуда буд, ки зимни сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон, ки аввали тирамоҳ дар назар аст, ҷонибҳо доир ба қитъаи мазкур созиш ҳосил мекунанд.

Парлумони Тоҷикистон шартномаи зикршударо санаи 19 апрел тасдиқ кард.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳад миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки тӯли сарҳади заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...