Ӯзбекистон шартномаи қитъаҳои марзро бо Тоҷикистон тасдиқ намуд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қонун дар бораи тасдиқи шартнома дар бораи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳади байни Ӯзбекистону Тоҷикистонро ба имзо расонид. Қонун 31 май аз ҷониби Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон қабул ва санаи 29 июн аз ҷониби Сенати ин кишвар маъқул шуморида шуд. Шартнома дар бораи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳади байни Ӯзбекистону Тоҷикистон дар доираи сафари […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қонун дар бораи тасдиқи шартнома дар бораи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳади байни Ӯзбекистону Тоҷикистонро ба имзо расонид.

Қонун 31 май аз ҷониби Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон қабул ва санаи 29 июн аз ҷониби Сенати ин кишвар маъқул шуморида шуд.

Шартнома дар бораи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳади байни Ӯзбекистону Тоҷикистон дар доираи сафари давлатии прещзиденти Ӯзбекистон ба Душанбе санаи 9 март ба имзо расида буд.

Дар ҷаласаи 15-уми пленарии Сенат, ки дар он қонун маъқул шуморида шуд, зикр гардид, ки ҷонибҳо дар аломатгузорӣ ва таъйини 99,99% ё худ 192,7 километри сарҳад байни давлатҳо ба мувофиқа расидаанд. Аз рӯи ин қитъаҳо харитаҳои топографӣ таҳия шуданд.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар сарҳади давлатии Тоҷикистон то имрӯз як қитъа дар мавзеи нерӯгоҳи барқи обии «Фарҳод» мувофиқа нашудааст, ки масофаи он 2 километр буда, дар он партовгоҳ воқеъ аст.

«Ин қитъа дар маҳалли пайвастшавии сарҳади вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон воқеъ буда, дар он ҳеҷ гуна иншоот ва маҳаллаи аҳолинишин вуҷуд надорад, танҳо партовгоҳ ҷойгир аст», – хабар дода буд ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Зимнан изҳори бовар шуда буд, ки зимни сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон, ки аввали тирамоҳ дар назар аст, ҷонибҳо доир ба қитъаи мазкур созиш ҳосил мекунанд.

Парлумони Тоҷикистон шартномаи зикршударо санаи 19 апрел тасдиқ кард.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳад миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки тӯли сарҳади заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.