Боз дар як хатсайри пойтахт пардохти пули нақд пурра бекор мешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рӯзҳои наздик дар хатсайри автобусии №8 (Фурудгоҳи кӯҳна-маҳаллаи Зарафшон) хизматрасонии пурраи кортӣ ба роҳ монда мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки кортҳои электрониро аз терминалҳои назди истгоҳҳо, нуқтаҳои фурӯш ва мағозаҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас намоянд.

Ба саволи «Азия-Плюс» дар мавриди маҳз аз кадом рӯз ҷорӣ шудани пардохти тариқи корт дар автобуси №8 аз мақомоти шаҳрдорӣ хабар доданд, ки ин амал рӯзҳои наздик – то охири ҳафта ҷорӣ мешавад.

Лоиҳаи «Низоми пардохти электронӣ ва назорати равуо дар нақлиёти мусофирбари истифодаи ҷамъиятии шаҳри Душанбе» (Cityсard) аз ҷониби ширкати Avesto Group ва мақомоти шаҳрдории пойтахт амалӣ мешавад. Татбиқи лоиҳа 1 марти соли 2018 оғоз гардид. Аз 1 апрели соли 2018 сокинон ва меҳмонони пойтахт кортҳои нақлиётиро харидорӣ ва пурра истифода мекунанд.

Аз 18 июн пардохти роҳкиро дар автобуси №3 ва троллейбуси №1 бо пули нақд пурра бекор шуда, танҳо бо корти Citycard ба роҳ монда шуд.

Мутахассисони лоиҳа қайд мекунанд, ки дар марҳилаи мазкур ҳадафи асосӣ пурра ҷорӣ кардани низоми автоматишудаи пардохт ва назорат дар автобусу троллейбусҳо мебошад.

«Дар бораи ҷорӣ шудани ин низом дар дигар навъҳои нақлиёти мусофирбар, аз ҷумла микроавтобусҳо (маршруткаҳо) танҳо баъди анҷоми муваффақонаи ин марҳила метавон ҳарф зад», – шарҳ доданд онҳо.

Айни замон мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 19 феврали соли 2018, №101, ба мусофироне, ки корти нақлиётиро барои 50 ва зиёда аз он равуо кардан харидаанд, барои равуо дар автобусу троллейбусҳо 15% тахфиф дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...