Боз дар як хатсайри пойтахт пардохти пули нақд пурра бекор мешавад

Рӯзҳои наздик дар хатсайри автобусии №8 (Фурудгоҳи кӯҳна-маҳаллаи Зарафшон) хизматрасонии пурраи кортӣ ба роҳ монда мешавад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки кортҳои электрониро аз терминалҳои назди истгоҳҳо, нуқтаҳои фурӯш ва мағозаҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас намоянд. Ба саволи «Азия-Плюс» дар мавриди маҳз аз кадом […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рӯзҳои наздик дар хатсайри автобусии №8 (Фурудгоҳи кӯҳна-маҳаллаи Зарафшон) хизматрасонии пурраи кортӣ ба роҳ монда мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки кортҳои электрониро аз терминалҳои назди истгоҳҳо, нуқтаҳои фурӯш ва мағозаҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас намоянд.

Ба саволи «Азия-Плюс» дар мавриди маҳз аз кадом рӯз ҷорӣ шудани пардохти тариқи корт дар автобуси №8 аз мақомоти шаҳрдорӣ хабар доданд, ки ин амал рӯзҳои наздик – то охири ҳафта ҷорӣ мешавад.

Лоиҳаи «Низоми пардохти электронӣ ва назорати равуо дар нақлиёти мусофирбари истифодаи ҷамъиятии шаҳри Душанбе» (Cityсard) аз ҷониби ширкати Avesto Group ва мақомоти шаҳрдории пойтахт амалӣ мешавад. Татбиқи лоиҳа 1 марти соли 2018 оғоз гардид. Аз 1 апрели соли 2018 сокинон ва меҳмонони пойтахт кортҳои нақлиётиро харидорӣ ва пурра истифода мекунанд.

Аз 18 июн пардохти роҳкиро дар автобуси №3 ва троллейбуси №1 бо пули нақд пурра бекор шуда, танҳо бо корти Citycard ба роҳ монда шуд.

Мутахассисони лоиҳа қайд мекунанд, ки дар марҳилаи мазкур ҳадафи асосӣ пурра ҷорӣ кардани низоми автоматишудаи пардохт ва назорат дар автобусу троллейбусҳо мебошад.

«Дар бораи ҷорӣ шудани ин низом дар дигар навъҳои нақлиёти мусофирбар, аз ҷумла микроавтобусҳо (маршруткаҳо) танҳо баъди анҷоми муваффақонаи ин марҳила метавон ҳарф зад», – шарҳ доданд онҳо.

Айни замон мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 19 феврали соли 2018, №101, ба мусофироне, ки корти нақлиётиро барои 50 ва зиёда аз он равуо кардан харидаанд, барои равуо дар автобусу троллейбусҳо 15% тахфиф дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.