Дастурҳои Президент ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни асосии кишвар

Asia-Plus

Дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини сарвазири мамлакат, раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, вазъи корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистони солҳои 2018-2019 дар пойтахти мамлакат, машварати корӣ доир кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат нахуст ҳисоботи муовини сарвазири мамлакат, намояндаи Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои омода кардани пойтахт ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим вобаста ба рафти иҷрои корҳо ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо шунида шуд.

Таъкид гардид, ки то имрӯз барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, руйхат ва шумораи иншоотҳои ҷашнӣ тартиб дода шудааст.

Ба руйхати иншоотҳо, ки аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватандӯст давоми се сол то ҷашни истиқлолият бунёд мегардад, асосан биноҳои таъиноти иҷтимоӣ, аз қабили мактабҳо, боғчаҳои бачагон, марказҳои саломатӣ, иншооти гуногуни маишию маданӣ ва хизматрасонӣ, ҳаммом, сартарошхона, толорҳои кошонаи ҳусн, майдончаҳои варзишӣ ва гулгашту хиёбонҳо шомил карда шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои вусъати корҳои ободонӣ, созандагӣ, таъмини тозагии муҳити зист, дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, пурра аз таъмир баровардани муассисаҳои олию миёнаи таълимӣ ва омода кардани онҳо ба соли нави хониш, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, беҳтар кардани шароити кор дар марказҳои саломатӣ ва дастрасии мардум ба хизматрасонии тиббӣ, супоришҳои мушаххас дод.

Дастур дода шуд, ки барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд аз ҳозир корҳои ободонию созандагӣ ба роҳ монда шуда, бо иштироки фаъоли мардум дар шаҳри Душанбе иншооти наву муосири таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...