Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар суди шаҳри Хуҷанд мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии парвандаи роҳбари дастаи «КВН «Тоҷикистон» ва журналист Хайрулло Мирсаидов доир мегардад, ки тафтиши он 6 моҳ идома ёфт; – Дар шаҳри Турсунзода (мирорайони 5-ум) маросими ифтитоҳи «Шуъбаи кӯдаконаи сироятии Бемористони марказӣ» баргузор мешавад. Оғоз соати 10. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар суди шаҳри Хуҷанд мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии парвандаи роҳбари дастаи «КВН «Тоҷикистон» ва журналист Хайрулло Мирсаидов доир мегардад, ки тафтиши он 6 моҳ идома ёфт;

– Дар шаҳри Турсунзода (мирорайони 5-ум) маросими ифтитоҳи «Шуъбаи кӯдаконаи сироятии Бемористони марказӣ» баргузор мешавад. Оғоз соати 10.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.1770 сомонӣ;

1 евро – 10.7894 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1461 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1925 – Таъсиси Агентии телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ (ТАСС). Феълан – ИТАР ТАСС.

2009 — Дар деҳаи Ҳоити ноҳияи Рашт дар маркази заминларзаи соли 1949 маҷмааи ёдбуди «Модари Ҳоит» боз гардид.

1913-1982 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ Ҷаббор Расулов.

1914-1995 – Мавлуди академик Муҳаммадқул Нарзиқулов.

1926-2000 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Иброҳим Кобулиев.

1959 – Зодрӯзи адабиётшинос Аъзами Яздонӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +38+43; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +25+30.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +38+43; дар доманакӯҳҳо шабона +17+22, рӯзона +31+36.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +26+31; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +16+21.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +36+41; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +29+34.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +40+42.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +40+42.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +29+31.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.