Ихтироъҳои бонувони тоҷик дар Сеул бо 9 медал қадрдонӣ шуд

Иттилоияи расмӣ

Дар 11–умин намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гашт, 9 адад ихтироъи бонувон-ихтироъкорони Тоҷикистон ба  медалҳои, тилло (4 адад), нуқра (4 адад) ва биринҷӣ (1 адад) қадрдонӣ карда шуданд.

Ин бонувонро барои иштирок дар ин чорабинӣ Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд.

Аз Маркази мазкур иттилоъ доданд, ки аз ҷумла, Тағоева Сураё, номзади илмҳои кимиё, дотсент, мудири Кафедраи “Пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи химияви”-и Факултети кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ихтироъ дар соҳаи кимиё  бо номи “Эфири этилии 2- атсетил – 4- ҳидрокси – 5 – бутилокси кислотаи пентан ҳамчун маводи хушбӯй”,  Ҳалимова Фариза номзади илмҳои техникӣ, дотсенти Кафедраи “Физиологияи муқаррарӣ”-и Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи “Тарзи пешгӯии вайроншавии саломатии репродуктивӣ”, Ғайбуллоева Зумрат номзади илмҳои кимиё, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ барои ихтироъ дар соҳаи металургия бо номи “Тарзи истихроҷи сурб аз консентратҳои полиметаллии сулфидӣ”,  Мижгона Шуҳратзода ассистент, аспиранти кафедраи “Кимиёи фармасевтӣ ва токсикология”-и  Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи “Метрарги фаъолияти зиддимикробӣ зоҳиркунанда”  ба гирифтани медалҳои тилло шарафёб гардиданд.

Гуфта мешавад, Қаҳорова Раъно, номзади илмҳои тиб, корманди Маркази колопроктологияи шаҳри Душанбе барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи “Малҳами бензой барои табобати раванди илтиҳоби фасодӣ”, Султонмамадова Маина, номзади илмҳои кимиё, устоди кафедраи Кимиёи органикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ихтироъ дар соҳаи кимиё бо номи «Эфири 1,2-пропан-диоли туршобаи 3α,7β- дигидрокси холонат ба сифати маводи холелитолитикӣ ва гипохолестиеринӣ», Расулова Замира лаборант –духтури клиникии Институти гастроэнтерологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи “Маводи «Фитазид» дорои таъсири зиддимикробӣ”, Муродова Шабнам –духтури ҷарроҳ, аспиранти Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи “Тарзи ташхиси лапароскопии дараҷаи долихосигма” соҳиби медалҳои нуқра шуданд.

Мабадқадамова Кимиё номзади илмҳои кимиё., дотсент, ходими пешбари илмии Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  барои ихтироъ дар соҳаи кимиё бо номи “Тарзи сайқалдиҳии электролитии маснуоти тиллогӣ” ба медали биринҷӣ сазовор дониста шуд.

«Ин соли ҳафтум аст, ки ихтироъҳои бонувони тоҷик дар намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки  дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад дар сатҳи байналмилалӣ қадрдонӣ карда мешаванд», – омадааст дар хабари Марказ.

Зимнан зикр мегардад, ки дар маҷмуъ 21 нафар бонувон-ихтироъкорони тоҷик бо пешниҳоди 35 адад ихтироъҳои худ, (дар давраи  солҳои 2012-2018), дар намоишгоҳи байналмилалии «Занҳои ихтироъкори ҷаҳон»,  сазовори 34 адад медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ, барои методи эҷодӣ ва хуби пешгӯии тарзи пешгӯии вайроншавии саломатии репродуктивӣ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба мукофоти махсус – Шоҳҷоизаи озмуни KIWA, медали тилло, мукофоти махсуси Ассотсиатсияи ихтироъкорони Олмон ва сертификат аз Ассостсиатсияи ихтироъкорони Таиланд қадрдонӣ карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...