Писари собиқ вазири энергетика боз бо милитсия сарукор гирифт

Диловар Гулов, писари собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон Гул Шералӣ, ки ба лату кӯби корманди милитсия гумонбар дониста мешавад, нимаи дуюми рӯзи 9 июл ихтиёран ба мақомоти милитсия ҳозир шуда, айни замон аз рӯи ҳодисаи рухдода баёнот медиҳад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон. Бино ба иттилои манбаъ, ҳодиса шоми рӯзи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Диловар Гулов, писари собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон Гул Шералӣ, ки ба лату кӯби корманди милитсия гумонбар дониста мешавад, нимаи дуюми рӯзи 9 июл ихтиёран ба мақомоти милитсия ҳозир шуда, айни замон аз рӯи ҳодисаи рухдода баёнот медиҳад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳодиса шоми рӯзи 8 июл дар Душанбе рух додааст.

«Диловар Гулови 26-сола корманди милитсияро лату кӯб намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад ва дере нагузашта мавриди ҷустуҷӯ эълон мешавад. Аммо рӯзи 9 июл ӯ ихтиёран ба мақомоти милитсия ҳозир шуда, ҳоло баёнот медиҳад. Ба ӯ то ҳанӯз айбнома пешниҳод нашудааст», – иброз дошт манбаъ.

Ин бори аввал нест, ки ному насаби Диловар Гулов дар маълумоти марбут ба ҷиноятҳо зикр мешавад. Моҳи марти соли равон ӯ ҳамроҳ бо 13 нафар ҷавонону ҳамсолонаш дар тарабхонаи «Галакси» ба ҳаракатҳои майдаавбошӣ даст зада, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда буд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки моҳи августи соли 2015 Диловар Гулов барои риоя накардани қоидаҳои сиёҳу тира кардан (тонировка)-и шишаҳои автомобил ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.