Нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии Суғд 30% боло рафт

Аз имрӯз, 10 июл нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои вилоят ба ивази 1 сомонии пешина 1 сомониву 30 дирам муқаррар шуд. «Ба ҷуз Хуҷанд, дар шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, Панҷакент, Исфара ва Конибодом низ нархи роҳкиро афзуд», – хабар дод сардори шуъбаи мусофиркашонии корхонаи «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ дар […]

Баҳманёр Нодиров

Аз имрӯз, 10 июл нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои вилоят ба ивази 1 сомонии пешина 1 сомониву 30 дирам муқаррар шуд.

«Ба ҷуз Хуҷанд, дар шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, Панҷакент, Исфара ва Конибодом низ нархи роҳкиро афзуд», – хабар дод сардори шуъбаи мусофиркашонии корхонаи «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ дар вилояти Суғд» Муродҷон Қодиров.

Бино ба қавли манбаъ, ин қарор ҳанӯз 18 июн зимни маҷлис бо иштироки муовини раиси вилоят Анвар Мақсудӣ, раиси Раёсати нақлиёти вилояти Суғд Ислом Авлиёев ва намояндагони ширкатҳои нақлиётӣ қабул шуда буд.

«Сабаби болоравии нархи роҳкиро қиматшавии сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ аст. Бори охир нархи роҳкиро соли 2011 боло рафта, тӯли ин муддат сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ чандин маротиба гарон шуданд. Бо назардошти ин, арзиши роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ боло бурда шуд», – иброз дошт манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки нархи роҳкирои нақлиёт байни шаҳрҳо низ боло рафт, аз ҷумла Хуҷанд – Исфара 14 сомониву 20 дирам (қаблан – 13 сомонӣ), Хуҷанд – Конибодом 9 сомониву 10 дирам (қаблан – 7 сомонӣ), Хуҷанд – Ғафуров 2 сомониву 60 дирам (қаблан – 2 сомонӣ), Хуҷанд – Гулистон 3 сомониву 25 дирам (қаблан – 2 сомониву 50 дирам), Хуҷанд – Истаравшан  13 сомонӣ (қаблан – 9,25 сомонӣ).

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи камбуди нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд баррасӣ мешавад. Ба гуфтаи корбарони шабака, ронандагон бар асари болоравии нархи гази моеъ ба кор намебароянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.