Медали тиллои Дилшод Назаров дар мусобиқаи Гран-Прии Бразилия

Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016, варзишгари маъруф Дилшод Назаров дар мусобиқаи Гран-Прии Бразилия оид ба варзиши сабук медали тилло ба даст овард. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи Гран-Прии Бразилия оид ба варзиши сабук 8 июл дар шаҳри Браганша Паулиста баргузор шуд. Гуфта мешавад, Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ гурзро ба масофаи 75,18 метр […]

Asia-Plus

Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016, варзишгари маъруф Дилшод Назаров дар мусобиқаи Гран-Прии Бразилия оид ба варзиши сабук медали тилло ба даст овард.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи Гран-Прии Бразилия оид ба варзиши сабук 8 июл дар шаҳри Браганша Паулиста баргузор шуд.

Гуфта мешавад, Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ гурзро ба масофаи 75,18 метр ҳаво дода, ҷои аввалро сазовор шуд. Дар ин қувваозмоӣ варзишгари Молдова Сергей Маршиев ҷои дуюм (74,51), варзишгари Белорус Павел Барейша (73,28) ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Дар мусобиқа, ҳамчунин варзишгарон дар қувваозмоиҳои дав ба масофаҳои 100, 400, 3000 метр, 400 метр бо монеа, ҷаҳиш бо халлачӯб, ҷаҳиши секарата, тела додани ядро, партоби диск миёни мардон ва бонувон барои ҷоизаҳо талош карданд.

Зикр мегардад, ки ин дуюм медали Дилшод Назаров дар мавсими имсола аст. Ӯ як моҳ қабл – 8 июн – дар Мусобиқаи гурзандозӣ ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосинскӣ (“Janusz Kusocinski Memorial”) дар шаҳри Чорзуви Лаҳистон медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.