Оғози мубориза бо мубодилаи ғайриқонунии асъор дар Ашқобод

Дар бозорҳои шаҳри Ашқобод, пойтахти Туркманистон муборизаи бесобиқа зидди фурӯш бо доллар ва табодули ғайриқонунии асъор оғоз шудааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар бозори “Чандибил”-и пойтахт ва ҷойҳои дигар 5 июл санҷиш гузарониданд, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто худи одамонро низ кофтукоб кардаанд. Гуфта мешавад, хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Дашоғуз низ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар бозорҳои шаҳри Ашқобод, пойтахти Туркманистон муборизаи бесобиқа зидди фурӯш бо доллар ва табодули ғайриқонунии асъор оғоз шудааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар бозори “Чандибил”-и пойтахт ва ҷойҳои дигар 5 июл санҷиш гузарониданд, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто худи одамонро низ кофтукоб кардаанд.

Гуфта мешавад, хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Дашоғуз низ ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, назорат шудани нархҳо аз сӯи мақомот ба муфлисшавии соҳибкорон сабаб гаштааст.

Ин хабарҳо дар ҳолеанд, ки 5 июл дар ҷаласаи ҳукумати Туркманистон аз боздошти як гуруҳ бо гумони хариду фурӯши ғайриқонунии доллари амрикоӣ хабар дода шуд.

“Дар “Чандибил” фурӯшандаи мағозаи абзори маишӣ ба як муштарӣ гуфтааст, молҳои воридотӣ, аз қабили яхдон ва абзори дигар бо доллар фурӯхта мешавад. Дар натиҷа мақомот ба дари чанд мағоза муҳр зада, дар шарҳи иқдоми худ гуфтанд, ки дар Туркманистон фурӯш бо доллар манъ аст”, – изҳор дошт манбаъ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати хабаргузорӣ, дар бозорҳои “Сулҳ” ва "Русский базар"-и Ашқобод аз тамоми фурӯшандаҳо дунусхаӣ забонхат гирифтанд, ки бо доллар чизе намефурӯшанд.

Як нусхаи онҳо дар дасти маъмурияти бозор хоҳад монд. “Агар бо доллар чизе фурӯшам, розиям, ки маро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд”, – омадааст дар забонхати фурӯшандаҳо.

Ҳамчунин фурӯшандаҳо огаҳ карда шуданд, ки агар бо доллар чизеро фурӯшанд, фурӯшгоҳ ва молашон мусодира хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.