Иқтидори агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун дар давраҳои аввал ҳамагӣ 100 МВт хоҳад буд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли равон дар ҷашни Рӯзи Президенти Тоҷикистон доир мегардад, хабар дод вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода рӯзи 16 июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Вазир қайд кард, ки дар марҳилаи аввали баъди ба истифода додан, иқтидори агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун 100 МВт-ро ташкил хоҳад дод. Истеҳсоли солонаи нерӯи барқ бо чунин иқтидор тақрибан 350 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад.

Усмонзода таъкид дошт, ки дар баробари афзоиши баландии сарбанд ва захираи об дар обанбор, иқтидори агрегат тадриҷан ба нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ расонида мешавад. Қобили зикр аст, ки иқтидори лоиҳавии ҳар кадоме аз шаш агрегати нерӯгоҳи Роғун 600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи вазир, агрегати охирини шашуми нерӯгоҳ соли 2028, замони ба баландии пешбинишудаи 335 метр расидани сарбанд мавриди истифода қарор мегирад. Ӯ таъкид дошт, ки айни замон корҳои сохтмони хати интиқоли барқ аз Роғун ба Душанбе ҷараён дошта, интизорӣ меравад, ки то моҳи ноябри соли равон нерӯгоҳи Роғун бо низоми ягонаи электроэнергетикии кишвар пайваст шавад.

Ба санаи 16 ноябри соли 2018 мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғунро зимни вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати итолиёвии Salini Impregilo Пиетро Салини итминон дода буд. Ширкати мазкур аз моҳи октябри соли 2016 ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун машғул аст.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин чунин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...