Иқтидори агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун дар давраҳои аввал ҳамагӣ 100 МВт хоҳад буд

Маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли равон дар ҷашни Рӯзи Президенти Тоҷикистон доир мегардад, хабар дод вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода рӯзи 16 июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе. Вазир қайд кард, ки дар марҳилаи аввали баъди ба истифода додан, иқтидори агрегати аввали нерӯгоҳи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли равон дар ҷашни Рӯзи Президенти Тоҷикистон доир мегардад, хабар дод вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода рӯзи 16 июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Вазир қайд кард, ки дар марҳилаи аввали баъди ба истифода додан, иқтидори агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун 100 МВт-ро ташкил хоҳад дод. Истеҳсоли солонаи нерӯи барқ бо чунин иқтидор тақрибан 350 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад.

Усмонзода таъкид дошт, ки дар баробари афзоиши баландии сарбанд ва захираи об дар обанбор, иқтидори агрегат тадриҷан ба нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ расонида мешавад. Қобили зикр аст, ки иқтидори лоиҳавии ҳар кадоме аз шаш агрегати нерӯгоҳи Роғун 600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи вазир, агрегати охирини шашуми нерӯгоҳ соли 2028, замони ба баландии пешбинишудаи 335 метр расидани сарбанд мавриди истифода қарор мегирад. Ӯ таъкид дошт, ки айни замон корҳои сохтмони хати интиқоли барқ аз Роғун ба Душанбе ҷараён дошта, интизорӣ меравад, ки то моҳи ноябри соли равон нерӯгоҳи Роғун бо низоми ягонаи электроэнергетикии кишвар пайваст шавад.

Ба санаи 16 ноябри соли 2018 мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғунро зимни вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати итолиёвии Salini Impregilo Пиетро Салини итминон дода буд. Ширкати мазкур аз моҳи октябри соли 2016 ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун машғул аст.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин чунин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио