Эҳтимоли 15% болоравии нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати «Барқи тоҷик» ба ҳукумати ҷумҳурӣ боло бурдани тарифҳои истифодаи нерӯи барқ ва гармиро пешниҳод намуд, хабар дод муовини аввали сардори Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон Назар Одиназода.

Ба гуфтаи ӯ, барои баррасии пешниҳоди ширкати «Барқи тоҷик» гурӯҳи корие таъсис дода шуд, ки фаъолияти хоҷагидории энергохолдингро мавриди таҳлил қарор дод.

«Бар асоси таҳлил гузориши шарҳу тавзеҳӣ таҳия шуда, ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид», – гуфт Одиназода.

Ӯ қайд кард, ки методологияе, мувофиқи он пешниҳоди ширкати «Барқи тоҷик» баррасӣ шуд, якчанд вариантҳоро дар назар дорад.

«Мутобиқи яке аз варинатҳо баланд бардоштани тарифҳо ба нерӯи барқ ва гармӣ ба андозаи 15% пешниҳод мешавад», – гуфт муовини аввали роҳбари Хадамот.

Зимнан илова шуд, ки қабули қарори ниҳоӣ дар мавриди ин масъала дар салоҳияти ҳукумати кишвар аст.

Қобили зикр аст, ки тарифҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон қариб ҳар сол барои ҳамаи дараҷаҳои истеъмолгарон, ба ҷуз Ширкати алюминии тоҷик боло бурда мешаванд. Ахиран тарифҳо аз 1 октябри соли 2017 тағйир ёфта, айни замон аҳолӣ барои 1 кВт/соат нерӯи барқ 16,85 дирам маблағ пардохт мекунад.

Тарифҳо барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 40,99 дирам, истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 16,85 дирам, пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ – 5,86 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 16,85 дирам (аз 1 октябр то 31 март) ва барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 5,8 дирамро ташкил медиҳад.

Тарифҳо барои истифодаи барқ дар дегҳо ва таҷҳизоти барқӣ бо мақсади таъмини биноҳо бо оби гарм ва гармӣ – 101,54 дирам барои 1 киловатт (барои соҳаи ғайрибуҷетӣ) ва 30,15 дирам (барои ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ) муқаррар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тарифҳои истифодаи барқ барои истеъмолгари асосии нерӯи барқ – КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» бетағйир боқӣ мемонанд: аз 1 май то 30 сентябр – 7,20 дирам барои 1 киловатт/соат ва дар мавсими зимистон (аз 1 октябр то 30 апрел) – 11,80 дирам.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...