Ноҳияи Панҷ: ҳалокати кӯдаки 4-сола зери чархи автомашина

Ронандаи автомашинаи Daewoo Nexia Муҳаммадраҷаб Латифов рӯзи 17 июл ҳангоми ҳарракат дар роҳи қаламрави ноҳияи Панҷ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинааш пиёдагардон – Шамсия Холоваи 26-сола ва писари 4-солаи ӯ Камолиддин Аслоновро пахш намуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, бар асари ин ҳодиса Камолиддини хурдсол аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи […]

Asia-Plus

Ронандаи автомашинаи Daewoo Nexia Муҳаммадраҷаб Латифов рӯзи 17 июл ҳангоми ҳарракат дар роҳи қаламрави ноҳияи Панҷ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинааш пиёдагардон – Шамсия Холоваи 26-сола ва писари 4-солаи ӯ Камолиддин Аслоновро пахш намуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, бар асари ин ҳодиса Камолиддини хурдсол аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва модараш бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемристон бистарӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел санҷишу таҳқиқ ҷараён дорад.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли гузашта дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 1303 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо беш аз 430 нафар шаҳрвандон ҳалок ва 1400 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.