Навсозии муносибатҳо: сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷону Ӯзбекистон ва Туркманистон

Моҳи августи соли равон сафарҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷону Ӯзбекистон ва Туркманистон ба нақша гирифта шудааст, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон бо даъвати президенти ин кишвар Илҳом Алиев сурат мегирад. «Аз рӯи натиҷаҳои сафар ба Озарбойҷон имзои бастаи нави созишнома […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Моҳи августи соли равон сафарҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷону Ӯзбекистон ва Туркманистон ба нақша гирифта шудааст, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон бо даъвати президенти ин кишвар Илҳом Алиев сурат мегирад.

«Аз рӯи натиҷаҳои сафар ба Озарбойҷон имзои бастаи нави созишнома ва шартномаҳои ҳамкории дуҷониба дар назар аст», – хабар дод манбаъ.

Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон низ бо даъватми президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев амалӣ мешавад.

«Аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатӣ баимзорасии бастаи назарраси созишнома ва шартномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла шартнома дар бораи шарикии стратегӣ пешбинӣ мешавад. Дар доираи ин сафар бо иштироки сарони давлатҳо дар Тошканд консерти муштараки устолони санъати ҳарду кишвар доир мегардад», – иттилоъ дод манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, сафар ба Туркманистон корӣ буда, дар ин давлат Эмомалӣ Раҳмон дар кори нишасти навбатии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – сарони давлатҳои муассисони Фонди байнулмилалии баҳри Арал бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии фонд иштирок мекунад», – қайд кард сарчашмаи хабар.

Зимнан зикр гардид, ки санаҳои дақиқу саҳеҳи сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба ин давлатҳо баъдан маълум мешаванд. Ҳамчунин қайд шуд, ки президенти Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд моҳи август бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташщриф меорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.