Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Бозори маҳсулоти нафтӣ зери назорат аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

– Ҳар як ширкат барои фоида ба даст овардан дар бозор кор мекунад. Мо воридкунандагони маҳсулоти нафтиро ба фурӯш бо нархи паст ба зиёни худ маҷбур карда наметавонем, – изҳор дошт муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон Назар Одиназода.

Номбурда қайд кард, ки нархҳо ба нафт дар биржаҳои ҷаҳонӣ ташаккул меёбанд ва дар баробари болоравии арзиши нафт, нархи маҳсулоти нафтӣ низ афзоиш меёбад.

“Имрӯз нархи як баррел нафт 72 долларро ташкил медиҳад, соле пеш бошад, он ҳатто ба 50 доллар намерасид. Корхонаҳои коркард нафтро бо нархи баланд харида, баъдан маҳсулоти худро низ қиматтар мефурӯшанд. Дар навбати худ харидорони маҳсулот низ нархро боло мебардоранд”, – шарҳ дод Одиназода.

Ӯ таъкид дошт, ки бозори дохилии маҳсулоти нафтӣ доимо зери назорати мақомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ қарор дорад.

“Ширкатҳое, ки дар бозор ба мавқеи афзалиятнок соҳибанд, ҳама гуна тағйири нархро бо мо мувофиқа месозанд. Дар сурати беасос боло бурдани нарх, мо сатҳи муайянеро муқаррар мекунем, ки онҳо набояд аз ин сатҳ гузаранд”, – гуфт номбурда.

Қобили зикр аст, ки тайи моҳи охир арзиши сӯзишворӣ барои автомобил дар ҷумҳурӣ ба таври қобили мулоҳиза афзуд. Нархҳо ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ қариб ба андозаи 15% афзуда, нархи гази моеъ, ки сӯзишвории асосии автомобилӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, қариб 50% боло рафт. Лекин чун дар бозори дохилии гази моеъ субъекти дорои мавқеи бартариятнок вуҷуд надорад, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба нархгузорӣ ба ин навъи сӯзишворӣ ҳуқуқ надорад.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, айни замон 11 ширкат ва 1 соҳибкори инифродӣ ба воридоти гази табиӣ ба ҷумҳурӣ машғуланд.

Нимсолаи аввали соли равон наздики 180 ҳазор тонна гази моеъ ба ҷумҳурӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳазор тонна зиёдтар аст. Ҳудуди 82%-и гази моеъ аз Қазоқистон ворид гардидааст.

Дар бозори маҳсулти нафтӣ се субъектҳои хоҷагидорӣ – ҶДММ “Газпромнефт-Тоҷикистон”, ҶДММ “Сеганҷ” ва Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумати Тоҷикистон мавқеи фзалиятнок доранд.

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 217 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 92 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ва 85 ҳазор тонна бензин ворид шудааст. Қариб 77% аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии дар ин давра воридшуда ба ҳиссаи Русия рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.