Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар меҳмонхонаи «Serena Dushanbe» (толори «Миллат») таҳти унвони«Иштироки ҷавонон дар рушди иқтисодӣ тавассути ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон»   мизи гирди миллӣ доир мегардад. Оғоз соати 09:00; – Дар кинотеатри «Кайҳон» нахустнамоиши филми драмавии «Клуб миллиардеров» (Маҳфили миллиарлерон) баргузор мешавад. Фармоиши билетҳо тариқи телефони – 915 88 6666; – Ташрифи ҳайати Маркази имдод ва корҳои […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи «Serena Dushanbe» (толори «Миллат») таҳти унвони«Иштироки ҷавонон дар рушди иқтисодӣ тавассути ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон»   мизи гирди миллӣ доир мегардад. Оғоз соати 09:00;

– Дар кинотеатри «Кайҳон» нахустнамоиши филми драмавии «Клуб миллиардеров» (Маҳфили миллиарлерон) баргузор мешавад. Фармоиши билетҳо тариқи телефони – 915 88 6666;

– Ташрифи ҳайати Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон.

Нишастҳои матбуотии Вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳои кишвар оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018:

– Нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон соати 9 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии (ММҶ) «Ховар»;

– Нишасти матбуотии Палатаи ҳисоб соати 9 дар бинои Палатаи ҳисоб;

– Нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак соати 11 дар толори ММҶ «Ховар».

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4196 сомонӣ;

1 евро – 11.9559 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1491 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1980 – Дар Маскав Бозиҳои олимпии XXII-ум оғоз гардиданд, ки як қатор кишварҳои Ғарб аз иштирок дар он даст кашиданд.

1996 — Дар Атланта Бозиҳои олимпии XXVI-ум оғоз гардиданд, ки дар он шумори рекордии варзишгарон – 10 ҳазору 744 нафар ширкат варзиданд.

2003 — Нахустин ҷарроҳии ивази забон дар ҷаҳон муваффақона анҷом ёфт.

2006 — Дар Душанбе бо дастгирии ҳукумати Ҳиндустон маросими ифтитоҳи Маркази технологияҳои иттилоотӣ доир гардид.

2012 — Олими маъруфи таърихшиноси тоҷик Мансур Бобохонов дар синни 81-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

1946 – Зодрӯзи журналист Айниддин Гадозода.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои дорманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +37+42; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +39+44; дар доманакӯҳҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +13+18, рӯзона +31+36; дар шарқ шабона +4+9, рӯзона +22+27.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +37+42; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +31+36.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +40+42.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +40+42.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +32+34.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.