Вазорати нақлиёт: Барои анҷоми сохтмони нақби «Истиқлол» боз 8 млн. доллар лозим аст

Акмал Маннонов, Asia-Plus

Муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки барои анҷоми пурра сохтмони нақби «Истиқлол», ки қисмати марказии ҷумҳуриро ба шимол пайваст мекунад, боз беш аз 8 млн. доллар маблағ зарур аст.

Ба савол дар бораи кай дар ниҳояти кор комидан ба итмом расидани сохтмони нақб ва ба таври бояду шояд кор накардани низоми равшанидиҳиву ҳавософкунӣ дар он муовини вазири нақлиёти кишвар чунин посух дод.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ қайд кард, ки худаш шахсан субҳи рӯзи 17 июл тариқи ин нақб гузашта, низоми равшанидиҳанда дар он кор мекунад.

Муовини вазир дар навбати худ зикр кард, ки «дарвоқеъ айни замон корҳои васлу насби низоми ҳавософкунӣ ва дастгоҳҳои оташхомӯшкуниро ба итмом расонидан лозим аст».

«Лоиҳаи корҳои зарурӣ омода буда, лекин барои анҷоми он боз 8 млн. 200 ҳазор доллар маблағ лозим аст. Ин масъаларо мебояд бо ҷониби Эрон мувпофиқа кард. Айни замон ин масъала бо Вазорати энергетикаи Эрон барасӣ мешавад. Лекин низоми равшанидиҳандаи муваққатӣ он ҷо кор мекунад», – изҳор дошт Суҳроб Мирзоев.

Соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор 10 млн. $ маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, 7,8 млн. $ – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 млн. $ – қарзи ҷониби Эрон буд. Ҳарчанд маросими ба истифода додани он ҳанӯз соли 2006 доир гардида бошад ҳам, корҳои иловагии сохтмону бозсозии он то ҳанӯз идома дорад.

Моҳи апрели соли гузашта ширкати эронии «Собир» корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора барқарор кард.

Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 млн. $ иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 млн. $ маблағ ҷудо мекунанд.

Нақби «Истиқлол» дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби «Истиқлол» 5,2 километрро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...