Бунёди меҳмонхонаи сохтмонаш тӯлкашида дар пойтахт соли оянда ба итмом мерасад

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода дар ин робита итминон дод, ки соли оянда сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Исмоили Сомонӣ» дар пойтахт комилан ба анҷом мерасад. «Васлу насби сохтори бино пурра ба анҷом расида, танҳо корҳои дохилии андова ва пардозу ороиш боқӣ мондааст», – иброз дошт раиси Кумита ва таъкид намуд, ки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода дар ин робита итминон дод, ки соли оянда сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Исмоили Сомонӣ» дар пойтахт комилан ба анҷом мерасад.

«Васлу насби сохтори бино пурра ба анҷом расида, танҳо корҳои дохилии андова ва пардозу ороиш боқӣ мондааст», – иброз дошт раиси Кумита ва таъкид намуд, ки бино аз ташхиси давлатӣ гузаштааст.

Зимнан таъкид шуд, ки ҳамаи масолеҳи сохтмоне, ки дар бунёди ин иншоот истифода мешаванд, ба меъёрҳои қабулшудаи сифат мутобиқанд.

Ба сохтмони меҳмонхонаи мазкур ширкати «Исмоили Сомонӣ – асри 21» машғул аст, ки Раҳматулло Саъдуллоев, бародари раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода ба он роҳбарӣ мекунад.

Маросими оғози сохтмони меҳмонхона 15 марти соли 2016 бо иштироки Президенти Тоҷикистон доир гардида буд. Он замон буҷети умумии сохтмони иншоот 30 млн. доллар арзёбӣ шуда буд.

Майдони сохтмони меҳмонхона 1,5 гектарро ташкил дода, дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ аст. Меҳмонхона аз 350 ҳуҷра бо майдони умумии 20 ҳазор метри мураббаъ иборат аст.

Зимни суханронӣ дар маросими оғози сохтмони меҳмонхона Президенти Тоҷикистон изҳори итминон карда буд, ки корҳои сохтмон дар муҳлатҳои муқарраршуда муддати 1,5 сол пурра ба итмом расонида мешаванд.

Ӯ ҳамчунин зикр карда буд, ки дар ҷараёни сохтмони меҳмонхона 700 ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, баъди анҷоми сохтмони он 650 нафар, асосан занон ва духтарон бо ҷойҳои корӣ таъмин мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио