Раиси Хатлон: Чиниҳо бори сеюм аст, ки ба ваъдаашон вафо намекунанд

Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки ширкати Хэнань Чжун-и Чин аллакай дафъаи сеюм аст, ки роҳандозии истеҳсоли карбамидро дар корхонаи «Нуриҳои Осиё» (Собиқ Тоҷик Азот)-и шаҳри Сарбанд мавқуф мегузорад. «Ширкати чинӣ қисмате аз саҳмияҳои ин корхонаро харида, тибқи қарордод бояд то баҳори соли 2018 истеҳсолотро ба роҳ мемонд, лекин ин […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки ширкати Хэнань Чжун-и Чин аллакай дафъаи сеюм аст, ки роҳандозии истеҳсоли карбамидро дар корхонаи «Нуриҳои Осиё» (Собиқ Тоҷик Азот)-и шаҳри Сарбанд мавқуф мегузорад.

«Ширкати чинӣ қисмате аз саҳмияҳои ин корхонаро харида, тибқи қарордод бояд то баҳори соли 2018 истеҳсолотро ба роҳ мемонд, лекин ин кор сурат нагирифт. Баъдан роҳандозии истеҳсолотро моҳи август ваъда доданд, аммо бо назардошти мушоҳидаи имрӯзамон, роҳандозии истеҳсолот боз ҳам ба таъхир гузошта мешавад», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Гулмаҳмадзода, ҳукумати вилоят барои чораҷӯӣ нисбати сармоягузорон салоҳият надошта, ба ин масъала бояд Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ машғул шавад, зеро онҳо ин сармоягузорро интихоб кардаанд.

Раиси вилоят қайд кард, ки сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дастур додааст, ки агар моҳи август дар корхона истеҳсолот ба роҳ монда нашавад, шартнома якҷониба бекор шуда, бо дигар сармоягузор қарордод баста шавад.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки яке аз сабабҳои камбуди нуриҳои минеарлӣ дар минтақа низ маҳз ба интизории роҳандозии истеҳсолот дар ин корхона вобаста аст.

«Соҳибкорони вилоят аз хориҷи кишвар нуриҳои минералӣ ворид накарданд. Онҳо ҳарос доштанд, ки агар дар ин корхона истеҳсолот ба роҳ монда шавад, ба маҳсулоти овардаи онҳо талабот намешавад. Ин яке аз сабаби норасоии нуриҳои минералӣ дар ин мавсим аст», – илова намуд Гулмаҳмадзода.

«Тоҷик Азот» яке аз корхонаҳои бузургтарини истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар натиҷаи қатъи интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон фаъолияти корхона қатъ гардида буд.

Соли 2016 бар асоси қарордоди дуҷониба бо ҶДММ» «Хэнань Чжун-Я Гурӯҳи Холдингӣ» (Чин) «Тоҷик Азот» ба корхонаи муштараки «Нуриҳои Осиё» табдил дода шуд. Ширкати Чин ба истифода аз ангишт ба сифати сӯзишворӣ дар корхона ва сармоягузорӣ дар ҳаҷми 360 млн. доллар барои навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхона дар муддати се соли наздик уҳдадор шуд. Он замон зикр гардида буд, ки баҳори соли 2018 дар корхона истеҳсолот ба роҳ монда мешавад.

Қобили зикр аст, ки қаблан (аз соли 2004) 75%-и саҳмияҳои корхонаи «Тоҷик Азот» ба миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ, 20%-аш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5%-и саҳмияҳои корхона ба Хайрулло Саидов, писари соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов тааллуқ доштанд. Моҳи июни соли 2014 суди иқтисодии вилояти Хатлон корхонаро миллӣ эълон кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.