Аввалин намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии наврасон

Тирандоз Бежан Файзуллоев аввалин нафаре шуд, ки аз Тоҷикистон ҳаққи иштирок дар III Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос Айреси Аргентинаро ба даст овард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон, ӯ дар Бозиҳои олимпии наврасон дар қувваозмоии тирандозӣ аз таппонча дар масофаи 10 метр миёни мардон иштирок мекунад. […]

Asia-Plus

Тирандоз Бежан Файзуллоев аввалин нафаре шуд, ки аз Тоҷикистон ҳаққи иштирок дар III Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос Айреси Аргентинаро ба даст овард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон, ӯ дар Бозиҳои олимпии наврасон дар қувваозмоии тирандозӣ аз таппонча дар масофаи 10 метр миёни мардон иштирок мекунад.

Тибқи маълумоти дафтари матбуоти Кумита, Бежан Файзуллоев ба роҳхат ба ин Бозиҳо ба туфайли иштирокаш дар Чемпионати Осиё миёни наврасон моҳи декабри соли гузашта дар ВАКО (Ҷопон) соҳиб шудааст.

Гуфта мешавад, Бозиҳои III олимпии наврасон аз 6 то 18 октябри соли равон дар шаҳри Буэнос Айреси Ҷумҳурии Аргентина баргузор мегардад. Дар ин чорабинии варзишӣ ҳудуди 4000 варзишгари наврас аз 206 давлати ҷаҳон аз рӯи 32 намуди варзиш (241 қувваозмоӣ) барои ҷоизаҳо талош мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.