Тамринҳои низомии Тоҷикистону Русия дар яке аз машқгоҳҳои баландкӯҳтарини ҷаҳон

Дар машқгоҳи Ҷилондии ноҳияи Шуғнони ВМКБ муддати се рӯз аст, ки тамринҳои низомии муштараки намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Русия идома доранд. Машқгоҳ дар баландии 3,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, яке аз машқгоҳҳои баландкӯҳтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон полковник Фаридун Маҳмадализода. Бино ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар машқгоҳи Ҷилондии ноҳияи Шуғнони ВМКБ муддати се рӯз аст, ки тамринҳои низомии муштараки намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Русия идома доранд.

Машқгоҳ дар баландии 3,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, яке аз машқгоҳҳои баландкӯҳтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон полковник Фаридун Маҳмадализода.

Бино ба гуфтаи ӯ, ситоди тамринҳоро сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода роҳбарӣ мекунад.

Ба ҳайати ситод ҳамчунин раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, сардорони сохторҳои қудратии ВМКБ ва намояндаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ шомиланд.

Дар ин тамринҳо то 10 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, пойгоҳи низомиии 201-уми Русия ва намояндагони хадамоти сарҳадбонӣ, ҳамчунин сарбозону афсарони эҳтиётӣ иштирок доранд.

«Ба ин тамринҳо наздики 100 адад техникаи зиреҳпӯш, авиатсия, автомобилҳои ҳарбӣ ва артиллерия сафарбар шудааст. Ба воҳидҳои низомии иштирокчии тамринҳо шахсан вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо фармондеҳӣ мекунад», – иброз дошт Маҳмадализода.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи фарзияи тамринҳо, гурӯҳҳои сершумори мусаллаҳи террористӣ аз Афғонистон ба гузаштан аз сарҳади Тоҷикистон кӯшиш карда, ин кор ба онҳо қисман муясссар мешавад. Вазифаи ҳайти шахсии тамринҳо дар ин ҳолат аз ташкили мудофиаи қаламрав, зада баргардонидани ҳуҷуми гурӯҳҳо ва аз байн бурдани террористон иборат мебошад.

Барои иштирок дар тамринҳои мазкур 400 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва 80 адад техникаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия аз Душанбе ба ВМКБ интиқол дода шудааст.

Тамринҳо рӯзи 21 июл ба итмом расида, ба сарбозону афсарони фаъолу ба комёбиҳо муваффақшуда дар ин тамринҳо вазири мудофиаи Тоҷикистон туҳфаҳои арзишманд ва медалҳо тақдим хоҳад кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио