Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи 7,2% ба қайд гирифта шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тибқи маълумоти оморӣ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ сатҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон 7,2%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ наздики 2,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 7,2 фоиз бештар аст.

Дар сохтори ММД ҳиссаи нисбатан бештар ба саноат бо шумули энергетика (17,9%) ва савдо, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ, лавозимоти истифодаи шахсӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо (17,2%) рост меояд.

Ҳиссаи бахши кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал, моҳипарварӣ ва моҳидорӣ 12,6%, ҳиссаи нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбордорӣ – 12,8% ва андоз – 12,7%-ро ташкил додаааст.

Ҳукумати ҷумҳурӣ чун соли пешин аз рушди воқеъии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,2% интизорӣ дорад. Лекин пешгӯиҳои ниҳодҳои молии байнулмилалӣ нисбатан камтаранд.

Ҳамин тариқ, нишондиҳандаи рушди ММД Тоҷикистонро дар соли 2018 Хазинаи байнулмилалии асъор дар сатҳи – 4%, Бонки осиёгии рушд – 6% ва Бонки ҷаҳонӣ – 6,1: пешгӯи мекунанд. Соли гузашта рушди воқеъии ММД Тоҷикистон 7,1%-ро ташкил дод.

Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон миёни нуҳ кишвари ҷаҳон ҷой гирифтааст, ки соли гузашта ба рушди баландтарини иқтисод ноил гардиданд. Ин рушдро таҳлилагрони Бонки ҷаҳонӣ дар навбати аввал ба «устуворона барқарор шудани интиқоли маблағҳо, ки ба барқаор шудани рушд дар Русия ва беҳбуди муҳити беруна вобаста  аст», нисбат медиҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...