Дар Душанбе миқдори зиёди маводи нашъаовар сӯзонида шуд

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон маросими нобуд кардани миқдори навбатии маводи нашъаовари ахиран аз ҷониби кормандони Агентӣ мусодирашуда доир гардид. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, дар оташдонҳои махсуси ин ниҳод беш аз 357 кило воситаҳои нашъаовар сӯзонида шуданд, ки дар 17 парвандаи ҷиноӣ ҳамчун далели шайъӣ истифода шуда, ҳукми суд нисбати […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон маросими нобуд кардани миқдори навбатии маводи нашъаовари ахиран аз ҷониби кормандони Агентӣ мусодирашуда доир гардид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, дар оташдонҳои махсуси ин ниҳод беш аз 357 кило воситаҳои нашъаовар сӯзонида шуданд, ки дар 17 парвандаи ҷиноӣ ҳамчун далели шайъӣ истифода шуда, ҳукми суд нисбати ин парвандаҳо содир гардидааст.

Қобили зикр аст, ки аз замони оғози фаъолияти Агентӣ (моҳи июни соли 1999) дар оташдонҳои он ҳудуди 20 тонна маводи мухаддири навъҳои гуногун нобуд карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, зимни нишасти хабарии имрӯза директори Агентӣ Шерхон Салимзода изҳор намуд, ки нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби кормандони Агентӣ зиёда аз 628 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 5,2 кило героин, 309 кило афюн, 90,5 кило ҳашиш ва 223,7 кило бангдона мусодира шудааст.

Дар ин давра аз ҷониби кормандони Агентӣ 110 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.