Коҳиши истеҳсоли алюминий дар ТАЛКО бинобар сабаби корҳои таъмир

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) дар робита ба корҳои таъмиру таҷдиди иқтидорҳои корхона ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро кам кард.

Тавре ба Азия-Плюс” вазири саноат ва технолгияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бодозода хабар дод, нимсолаи авали соли ҷорӣ дар ТАЛКО 54,8 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор тонна камтар мебошад.

Коҳиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти асосии содиротии кишварро вазир ба иҷрои корҳои таъмиру таҷдид дар корхона нисбат дод.

“Корҳои таъмир асосан ба насби таҷҳизоти муосир, ки ба се баробар кам кардани хароҷоти нерӯи барқ имкон медиҳад, вобаста аст. Табиист, ки ин ба арзиши аслии яке аз маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ бетаъсир нахоҳад буд”, – гуфт Бобозода.

Вазир умедвор аст, ки корҳои таъмиру навсозӣ то охири соли равон ба итмом расида, пас аз он афзоиши ҳаҷми истеҳсол дар назар аст.

Зимнан зикр гардид, ки наздики 48 ҳазор тонна алюминии истеҳсолшуда ба хориҷи кишвар содирот ва беш аз 4 ҳазор тоннаи он дар дохили кишвар коркард шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...