Ҳаҷми истеҳсоли тилло коҳиш ёфта, нуқра зиёд шуд

Ҳаҷми истеҳсоли тилло нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон каме коҳиш ёфта, истеҳсоли нуқра афзуд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, давоми моҳҳои январ-июни соли равон дар Тоҷикистон наздики 2,5 тонна тилло истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37 кило камтар мебошад. Коҳиши […]

Ҳаҷми истеҳсоли тилло нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон каме коҳиш ёфта, истеҳсоли нуқра афзуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, давоми моҳҳои январ-июни соли равон дар Тоҷикистон наздики 2,5 тонна тилло истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37 кило камтар мебошад.

Коҳиши ҳаҷми истеҳсоли тиллоро дар Вазорат ба муваққатан аз фаъолият бозмондани чанде аз корхонаҳои ин соҳа, аз ҷумла конҳои «Покрут», КМ «Зарафшон (муддати қариб 1 моҳ) ва дастрас нашудани реагенти кимиёвӣ – сианид нисбат доданд.

«Нисолаи аввали соли ҷорӣ аз 12 корхонаи истихроҷи тиллои ҷумҳурӣ ҳамагӣ 7-тоаш мунтазам фаъолият доштанд», – гуфтанд дар Вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки тӯли шаш моҳи соли 2018 дар Тоҷикистон ҳудуди 3,1 тонна нуқра истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта беш аз 1 тонна зиёдтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.