Прокуратураи ҳарбӣ сабаби худкушии сарҳадбонро муайян мекунад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Комиссияи махсуси Прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони Қушӯнҳои сарҳадиии КДАМ сабаби ба худкушӣ даст задани сарбозро муайян мекунад.

Сарҳадбон Аваз Набиеви 22-сола ҳангоми дар рухсатии хизматӣ будан дар хонаи волидонаш дар ноҳияи Вахш даст ба худкушӣ зад.

Ҷасади овезони сарбоз бе аломатҳои марги маҷбурӣ субҳи рӯзи 22 август дар назди трансформатори назди манзили волидонаш дарёфт шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон подполковник Муҳаммад Улуғхоҷаев дар ин робита хабар дод, Аваз Набиев аз моҳи майи соли 2017 дар дастаи сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ишкошим адои хизмат мекард.

Барои хизмати намунавӣ пеш аз Иди Қурбон ба Набиев рухсатӣ дода мешавад. Ғайр аз ин пас аз ид тӯйи бародараш дар назар буд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин сарбози тоҷик бо навиштае дар рӯи хок, дар маҳалле, ки худро куштааст, аз падару модар узр пурсида ва тӯйро ба бародараш табрик гуфтааст.

Наздиконаш гуфтанд, ки Аваз Набиев рӯзи 20-уми августи имсол ба ноҳия омад ва ҳамагӣ ду рӯз ҳамроҳи онҳо зист. "Субҳи 22-юми август худашро ба дор овехтааст. Ҷасадашро яке аз ҳамсояҳо аз назди трансформатори назди бино ёфта, моро хабардор кард. Ҳамон шаб дар хона ҳамроҳи дигар аъзои оила хоб буд. Чӣ гуна субҳ хеста ва ба ин кор даст задааст, рӯшан нест", – гуфтааст яке аз наздикони Аваз Набиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Комиссияи махсуси Прокуратураи ҳарбӣ ба ҷуз волидон, наздикону шиносҳо, ҳамчунин ҳамхизматони сарбозро бозпурсӣ карданист, то ки сабаби ба худкушӣ даст задани ӯ муайян карда шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...