Истиқболи роҳбари Шӯрои олимпии Осиё аз рушди варзиш байни бонувон дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҷакартаи Индонезия, ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои 18-уми Осиё, як қатор мулоқоту вохӯриҳо анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар мулоқот бо президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ҷиҳати рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Абдуллозода Аҳтам иттилоъ дод, ки бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистон сол то сол бештар рушд мекунад. Аз ҷумла, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ҳатто дар деҳот толору иншооти варзишӣ сохта хоҳанд шуд. Гуфта шуд, аз ҷумла бо маблағгузории Шӯрои олимпии Осиё чанде пеш дар шаҳри Душанбе як майдончаи варзишӣ сохта ва мавриди истифода қарор гирифт.

Президенти Шӯрои олимпии Осиё аз ташаббусҳои созандаи Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш истиқбол карда, иброз намуд, ки мо метавонем лоиҳаҳои ҷадидро оид ба сохтмони иншооти варзишӣ дар деҳоти Тоҷикистон ва харидории лавозимоти варзишӣ амалӣ намоем. Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ афзуд, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои сохтмони як майдончаи дигари варзишӣ ва лавозимоти варзишӣ лоиҳа пешниҳод намояд. 

Рушди варзиш миёни бонувон яке аз масъалаҳои асосии мулоқот ба ҳисоб мерафт. Қайд гардид, ки 50 фисади аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил менамоянд, аз ин хотир месазад, ки дар самти варзиши бонувон ҳам корҳои самарабахш сомон дода шавад. Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ аз иштироки тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар Бозиҳои Осиё, новобаста аз натиҷаи вохӯриҳо, истиқбол намуд.

“Маҳз дар ҳамин замина мо бо Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ нақшаҳои ҷадидро ояндаи наздик рӯи кор хоҳем гирифт”, – иброз дошт президенти Шӯрои олимпии Осиё.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳо изҳори назар карданд.

Абдуллозода Аҳтам, дар доираи сафари корӣ, ҳамчунин бо директори генералии Ширкати “Kingdom Sports”-и Австралия Даниел Бенистон вохӯрд.

Ҳангоми вохӯрӣ ҷаноби Бенистон гуфт, ки ширкаташ омода аст дар таҳияи либоси варзишӣ, либоси расмӣ, таъмини ҷои хобу хӯрок, билетҳои мусобиқот ва омода намудани нишони сарисинагӣ ва медалҳои хотиравӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ҳангоми ширкат дар Бозиҳои варзишӣ сарпарастӣ намояд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки рӯзҳои наздик созишномаи ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расонид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...