Дар озмуни ҷоизаи «Фараҳ-2018» Tcell беҳтарин бонувони соҳибкорро дастгирӣ кард

Озмуни «Бонуи соҳибкори сол – ҷоизаи «Фараҳ-2018» дар Тоҷикистон барои бори чаҳорум доир гардид. Аз соли 2012 ба ин сӯ, Ассотсатсияи миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон (АМБСТ) беҳтарин бонувони тоҷиру ҳунармандро аз тамоми гӯшаву канори кишвар пайдо ва қадрдонӣ менамояд. Тибқи анъана, ширкати Tcell аснои баргузории чорабинӣ ва маросими тӯҳфасупорӣ АМБСТ-ро дастгирӣ мекунад. «Дар ҳоли ҳозир […]

Озмуни «Бонуи соҳибкори сол – ҷоизаи «Фараҳ-2018» дар Тоҷикистон барои бори чаҳорум доир гардид. Аз соли 2012 ба ин сӯ, Ассотсатсияи миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон (АМБСТ) беҳтарин бонувони тоҷиру ҳунармандро аз тамоми гӯшаву канори кишвар пайдо ва қадрдонӣ менамояд. Тибқи анъана, ширкати Tcell аснои баргузории чорабинӣ ва маросими тӯҳфасупорӣ АМБСТ-ро дастгирӣ мекунад.

«Дар ҳоли ҳозир ислоҳоти муносибатҳои иҷтимоӣ идома дошта, нақши бонувон дар ҷомеъа ба куллӣ тағйир хоҳад ёфт. Бонувон бештару пештар фаъол мешаванд, онҳо ба идоракунӣ, роҳбарӣ дар зинаҳои ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷалб гардида, ба кишвари худ, рушду пешрафти иқтисоду тиҷорат кӯмак мерасонанд. Ҷоизаи “Фараҳ”-и  Ассотсатсияи миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон як чунин майдони заруриро барои муаррифӣ ва шинохти занони муваффақ муҳайё месозад. Тавассути ин тарҳ, тоҷирони навроҳ аз таҷрибаи бонувони муваффақ сабақ мегиранд ва бо таърихи дастоварду комёбиҳои занони қавииродаву фаъол ошно мешаванд. Ҳадафи аслии дастгирии ҷоизаи “Фараҳ” аз ҷониби ширкати Tcell – ин рӯҳбаланд кардани бонувон ва ба онҳо муҳайё намудани дарки имконият ва зарфияти инфиродиашонмебошад. Намунаҳое аз кору ҳаёти занони муваффақ ба дигар бонувон имкон медиҳад, ки ба худ эътимод пайдо кунанд ва ин боиси дар амал татбиқ кардани орзуву омолашон мегардад”,- иброз дошт Озодхон Давлатшоев,  директори генералии ширкати Тсеll.

Озмун моҳи марти соли равон оғоз гардида, ба он 403 дархост ҷиҳати иштирок ворид шуд. Ба даври аввали он 93 нафар роҳхат гирифта, ҳайати коршиносон куллияи ҷанбаҳои фаъолияти корӣ ва тиҷоратии ҳар як довталабро таҳқиқу омӯзиш кард: бо онҳо мусоҳибаҳо сурат гирифта, тарзи кору фаъолияти онҳоро дар корхонаҳояшон дар кунҷу канори кишвар санҷиданд, бо тиҷорати онҳо ошно шуданд. Ҳамин тавр, 34 нафар ба озмуни ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар бораи ҳар як довталаб филми мустанад таҳия шуд, ҳар кадоме аз онҳо таҷрибаи вижаи тиҷорат ва дастёбӣ ба комёбиҳоро доранд.

Дар соли 2018 инҳо беҳтаринҳо дар бахши тиҷорати марбут ба соҳоти худ эълон шуданд:

  • Бахши тавлидот (истеҳсолот) – Мамадкаримова Лутфия, шаҳри Хоруғ, ВМКБ
  • Бахши кишоварзӣ – Тиллоева Зулайхо, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
  • Бахши хизматрасонӣ ва ғизорасонӣ – Маҳмудова Раъно, шаҳри Исфара, вилояти Суғд
  • Ҳунарҳои мардумӣ – Ашӯрматова Каромат, шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд
  • Бахши тиб ва омӯзиш – Гадойбоева Умеда, шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд
  • Барномаи аввалияи тиҷорат (Старт ап) – Ҷумъаева Мавҷуда, ноҳияи Шаҳритус, вилояти Хатлон

Зимнан, Зулайхо Тиллоева, сарвари хоҷагии деҳқонии “Зулайхо-2015” барандаи ҷоизаи асосӣ-гран-прии озмуни “Фараҳ-2018” дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ гардид.

Tcell ба ғолибони озмуни мазкур таҷҳизоти васлшавӣ ба интернет- модем бо бастаи ройгони интернети бемаҳдуд ҳадя кард, зеро дар замони муосир бе иртиботи боэътимод ба роҳ мондани тиҷорат ва амалӣ кардани барномаҳои вижа ғайриимкон аст. 

Мақсади асосии озмун- ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъа ба рушди тиҷорати бонувони соҳибкор ва мушкилоти занон, дарёфти бонувони кордону корофар, паҳн кардани таҷрибаи занони муваффақ дар кишвар мебошад. 

Озмуни «Бонуи соҳибкори сол – ҷоизаи «Фараҳ-2018» аз ҷониби Ассотсатсияи миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон (АМБСТ) бо дастгирии USAID, Ҳукумати кишвар ва ширкатҳои ватаниву созмонҳои байналмилалӣ доир мегардад. 

___________________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.