Гурӯҳи аввалини ҳоҷиёни тоҷик 31 август ба ватан бармегарданд

Гурӯҳи аввалини шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар макони муқаддаси ислом маросими ҳаҷро адо карданд, рӯзи 31 август ба ватан бармегарданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии ҷумҳурӣ хабар дод, то 14 сентябр ҳамаи зойирини тоҷик ба ватан бармегарданд. Намояндагони Кумита дар Маккаву Мадина бо онҳо суҳбат ороста, меъёрҳои […]

Гурӯҳи аввалини шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар макони муқаддаси ислом маросими ҳаҷро адо карданд, рӯзи 31 август ба ватан бармегарданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии ҷумҳурӣ хабар дод, то 14 сентябр ҳамаи зойирини тоҷик ба ватан бармегарданд.

Намояндагони Кумита дар Маккаву Мадина бо онҳо суҳбат ороста, меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро, ки мувофиқи он гуселу пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронида мешавад, бори дигар шарҳ доданд.

«Қонун ташкили маросимҳое чун «ҳоҷиталбон» ва «ҳоҷиошӣ»-ро манъ мекунад. Тақсими оби зам-зам ва хурмои хушкшуда мумкин аст. Сокинон ҳоҷиро бо адои маросими ҳаҷ табрик карда метавонанд», – гуфт манбаъ.

Соли 2014 ҳукуматдорони Тоҷикистон ду ҳоҷиро барои аз ҷониби пайвандону наздиконаш дар фурудгоҳ ташкил кардани пешвози пуршукӯҳ ва овардани лимузин ҷаримаи калон бастанд.

Қобили зикр аст, ки имсол наздики 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати макони муқаддаси Ислом шарафёб гардиданд. Арзиши адоои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 33 ҳазору 410 сомониро ташкил дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.