Манбаъ: боғи «Кӯли ҷавонон» аз ҳисоби маблағҳои сарвазир навсозӣ шуд

Боғи «Кӯли ҷавонон»-и пойтахт, ки рӯзи 28 август мавриди истифода қарор гирифт, аз ҳисоби маблағҳои шахсии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода таъмиру навсозӣ шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Дар ҳамин ҳол, манбаъ аз номбар кардани маблағи дақиқи хароҷотшуда барои корҳои таъмиру навсозӣ худдорӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти […]

Боғи «Кӯли ҷавонон»-и пойтахт, ки рӯзи 28 август мавриди истифода қарор гирифт, аз ҳисоби маблағҳои шахсии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода таъмиру навсозӣ шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ аз номбар кардани маблағи дақиқи хароҷотшуда барои корҳои таъмиру навсозӣ худдорӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳудуди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» 3,5 гектарро ташкил дода, дар ҷараёни корҳои навсозӣ зиёда аз 15 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш ва 18 ҳазор метри муррабаъ майсазор гардонида шудааст. Барои чароғонкунии боғ бошад  267 сутунпояи аз 3 то 12-метра насб карда шудаанд.

Барои сарсабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» зиёда аз 500 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонидаанд. Се навъи гулҳои мавсимӣ, дар маҷмуъ зиёда аз 400 ҳазор бех муҳити боғ ро зебою назаррабо гардонидаанд. Дар боғ таваққуфгоҳ барои 70 автомашина ва бинои нави маъмурӣ низ сохта шудааст.

Чанде қабл сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода тасмим гирифт аз ҳисоби худ ва аъзои оилааш 5 километр роҳҳои мошингарди ҳудуди зодгоҳи худ – ҷамоати деҳоти Хистеварзро таъмир намоянд.

Ӯ шахсан дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ дар чанде аз кӯчаҳои ин ҷамоат иштирок кард. Ғайр аз ин, аз ҳисоби воситаҳои шахсии сарвазир яке аз кӯчаҳои ҷамоати Хистеварз ба таври замонавӣ чароғон мегардад.

Маълум нест, ки ин саховатмандии сарвазир ба чӣ вобаста аст, лекин қайд мекунем, ки ин аввалин ҳодисаест дар Тоҷикистон, ки мансабдори давлатӣ ва он ҳам хеле баландпоя даст ба кори хайру эҳсон мезанад. Ташаббуси хуб аст. Шояд барои дигар мансабдорон ин намунаи ибрат гардад.

Биёед шахсонеро ба хотир меорем, ки ба корҳои хайру эҳсон машғуланд.

Дар деҳаи кӯҳистони Каронии шаҳри Турсунзода сокини маҳаллӣ Каромат-ҳоҷӣ Шарипов бо харҷи беш аз 25 ҳазор доллар воситаҳои шахсиаш аз болои дарёчаи Манзоб пул сохт, ки мушкили роҳи сокинони маҳаллиро сабук кард.

Соли 2015 Норбибӣ Дӯстмуродоваи 80-сола аз вилояти Суғд пулҳои барои адои маросими ҳаҷ ҷамъкардаашро дар ҳаҷми 105 ҳазор сомонӣ (наздики 17 ҳазор доллар) ба сохтмони ду пул дар зодгоҳаш деҳаи Метки ноҳияи Деваштич сарф кард.

Чунин мисолҳо зиёданд, лекин рафтори сокини ноҳияи Мастчоҳ Сафия Ҳасанова қобили зикр аст, ки 1,5 млн. сомонӣ (159 ҳазор доллар)-ро ба ниёзмандон бахшид. Ҳамчунин метавон аз корҳои хайру эҳсони табиби халқӣ Турсуной Зокирова ёдоварӣ намуд, ки ҳамеша ба эҳтиёҷмандон дасти кумак дароз мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.