Фестивали «Атласу адраси Суғд-2018» дар вилояти Суғд

Фестивал дар ду давр баргузор гардида, даври аввал моҳи сентябр дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва даври дуюм охири моҳи октябр дар маркази вилоят гузаронида мешавад. Дар қарори раиси вилояти Суғд дар ин робита зикр мегардад, ки фестивал бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба […]

Фестивал дар ду давр баргузор гардида, даври аввал моҳи сентябр дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва даври дуюм охири моҳи октябр дар маркази вилоят гузаронида мешавад.

Дар қарори раиси вилояти Суғд дар ин робита зикр мегардад, ки фестивал бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, инчунин бахшида ба «Соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  доир мегардад.

Гуфта мешавад, дар доираи фестивал байни дӯзандагону тарроҳон аз рӯи номинатсияҳои “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси идона” ва “Беҳтарин либоси миллии арӯсию домодӣ” озмун баргузор мешавад.

Қайд мешавад,ки либосҳо бояд танҳо аз матои атлас ва адраси ватанӣ омода шуда, ба либосҳои идона, арӯсиву домодӣ вобаста ба минтақаҳои вилоят таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ҳар намуди бахш ғолибон муайян карда шуда, бо диплом ва тӯҳфаҳои пулӣ ба миқдори аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивал бошад, 5 ҳазор 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.