Қарзи корхонаҳои Тоҷикистон ба ду буҷети солонаи кишвар баробар шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарзи корхонаҳои миёна ва бузурги Тоҷикистон муддати як сол қариб 16,9 млрд. сомонӣ (1,8 млрд. доллар) афзуда, ба нимсолаи аввали ҳамин сол қарзи умумии чунин корхонаҳо ба 45,7 млрд. сомонӣ (беш аз 4,8 млрд. доллар) расид.

“Ба санаи 1 июли соли 2018 ҳаҷми қарзи умумии корхонаҳо (бе назардошти корхонаҳои тиҷорати хурд) аз рӯи уҳдадориҳо 45 млрд. 727,1 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба санаи 1 июли соли 2017 ба миқдори 16 млрд. 855,5 млн. сомонӣ зиёдтар аст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии омори назди президенти ҶТ.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми умумии уҳдадориҳои қарзӣ назди ин корхонаҳо (қарзи дебиторӣ) ҳамагӣ каме бештар аз 17,3 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018 каме бештар аз 21 млрд. сомонӣ (2,2 млрд. доллар) муқаррар шуд.

Ҳиссаи корхонаҳои хурду миёнаи зиёновари кишвар аз шумори умумии онҳо қариб 30 фоизро ташкил медиҳад.

Шумори нисбатан зиёди корхонаҳои зиёновар дар бахшҳои саноати коркард, сохтмон, нақлиёт ва алоқа ба қайд гирифта шудааст.

Корхонаҳои аз ҳама бештар қарздор дар Тоҷикистон корхонаҳои бузурги давлатӣ мебошанд. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, ҳаҷми умумии қарзи ширкати “Барқи тоҷик” ба аввали нимсолаи соли равон бо назардошти созишномаҳои қарзии сармоягузорӣ беш аз 15 млрд. сомонӣ (1,6 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад, ки ин маблағ ба 23%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли гузаштаи ҷумҳурӣ баробар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...