Президент сафири Тоҷикистонро дар Олмон иваз кард

Бо фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз 18 сентябр Маликшо Неъматов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Олмон ва ҳамзамон аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Полша (Лаҳистон) ва сафири Тоҷикистон дар Чехия озод карда шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Соҳибназар Ғайратшо сафири нави Тоҷикистон дар Олмон таъин […]

Asia-Plus

Бо фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз 18 сентябр Маликшо Неъматов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Олмон ва ҳамзамон аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Полша (Лаҳистон) ва сафири Тоҷикистон дар Чехия озод карда шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Соҳибназар Ғайратшо сафири нави Тоҷикистон дар Олмон таъин шуд, ки то ин таъинот ба ҳайси сардори Раёсати Аврупо ва Амрикои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ифои вазифа мекард.

Ҳамчунин имрӯз бо фармони Сарвари давлат Масуд Халифазода сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъин карда шуд. То кунун ин вазифаро дар Лондон Эркин Қосимов ба уҳда дошт.

То таъин шудан ба вазифаи сафир Масуд Халифазода дар мансаби сардори Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.