Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар машқгоҳи Чорухдайрон ва маркази таълимии “Нурафшон” дар вилояти Суғд тамринҳои низомии муштараки сарбозон ва афсарони қисмҳои низомии гарнизони вилояти Суғди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон идома меёбанд; – Дастаи мунтахаби занонаи наврасони футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 дар гурӯҳи “С” бозии сеюми худро бо дастаи мунтахаби Таиланд […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар машқгоҳи Чорухдайрон ва маркази таълимии “Нурафшон” дар вилояти Суғд тамринҳои низомии муштараки сарбозон ва афсарони қисмҳои низомии гарнизони вилояти Суғди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон идома меёбанд;

– Дастаи мунтахаби занонаи наврасони футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 дар гурӯҳи “С” бозии сеюми худро бо дастаи мунтахаби Таиланд мегузаронад. Бозӣ дар Ҳисор баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4255 сомонӣ;

1 евро – 11.0429 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1391 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1940 — Оғози сохтмони канали калони Ҳисор.

2010 — Дар дараи Камароби ноҳияи Рашт қатораи автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҶТ мавриди тирпарронӣ қарор гирифт. Дар ҷойи ҳодиса 23 нафар афсарону сарбозон ҳалок ва 17 нафари дигар захмӣ шуданд.

1953 – Зодрӯзи сароянда Абдураҳим Шерматов.

1957 – Мавлуди нависанда Сипеҳри Ҳасанзод.

1959 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +18+23.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +22+27; дар шарқ шабона -1-6, рӯзона +10+15.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +32+34.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +24+26.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.