Истиқболи сарони кишварҳои узви ИДМ дар толори нави қабули меҳмонони расмӣ

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Толори қабули меҳмонони расмии Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо ифтитоҳ карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, толори қабули меҳмонони ба хотири дар сатҳи баланд ва тибқи анъанаҳои накӯи меҳмоннавозии миллати тоҷик пазироӣ кардани намояндагони расмии кишварҳои хориҷ, аз ҳисоби маблағҳои даромади Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бунёд шудааст.

Гуфта мешавад, корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2017 оғоз гардида, иншоот моҳи сентябри соли 2018 бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморию сохтмонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар рафти сохтмон наздики 600 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Толори қабули меҳмонони расмӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар бинои мазкур барои қабулу меҳмоннавозии мусофирон даҳҳо адад ҳуҷраҳои хуштарҳ ва барҳаво, аз ҷумла бахши қабули аъзоёни ҳукуматҳои кишварҳои хориҷ, ҳуҷраҳои консулгарӣ, маъмурият, хонаҳои кории кормандони сарҳад ва гумрук, ҷойи коркарди бору бағоҷ, 8 адад ҳуҷра барои баргузории мулоқотҳои дуҷониба, 4 адад тарабхонаи замонавӣ, мағозаи фурӯши молу маҳсулот, туҳфаҳо, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва гумрукӣ бунёд шудааст.

Барои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ кардани хизматрасонии толори фурудгоҳ 2 адад лифт, 47 камераи мушоҳидавӣ, 1 адад таҷҳизоти муоинаи рентгении бору бағоҷ, системаи ҳозиразамони аз сӯхтор огоҳкунанда ва дастгоҳҳои тозакунии ҳаво насб гардидааст.

Дар ҳудуди ҳавлии иншоот таваққуфгоҳ барои 400 адад мошини сабукрав сохта шуда, таваққуфгоҳи тайёраҳо ва роҳравҳои майдони фурудгоҳ дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ азнавсозӣ гардидааст. Дар саҳни ҳавлӣ инчунин як айвони бо нақшу нигори миллӣ кандакоришуда бо 10 ҷойи нишаст барои истироҳати меҳмонони олиқадр сохта шудааст. Ҳудуди Толори қабули меҳмонони расмӣ бо 45 адад сутунпоя ва чароғҳо равшан мегардад. Роҳраву гулгашти атрофи иншооти қабули меҳмонон бо гулу буттаҳои ороишии гуногун оро ёфтааст.

Роҳҳои мошингарди даромади фурудгоҳ аз буриши кӯчаи Мастонгулов то бинои асосӣ пурра навсозӣ гардид.

Бо бунёди Толори қабули меҳмонони расмӣ, оро додани он бо нақшу нигори миллӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва овезон кардани мусаввараҳои манзараҳои дилфиреби кишвари биҳиштосои Тоҷикистон имкон фароҳам омад, ки ба ҷаҳониён маданияти баланди меҳмоннавозии давлату миллати тоҷик муаррифӣ гардад.

Толори қабули меҳмонони расмӣ бо тарҳи хеле зебо сохта шуда, намои берунии он аз сангҳои ватанӣ оро дода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.