Қадрдонии Эмомалӣ Раҳмон бо унвони доктори фахрии Донишгоҳи Япония

Asia-Plus

Дар доираи сафари расмӣ ба Япония Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз шаҳри Киото ва пойтахти ин кишвар – шаҳри Токио омада, дар Донишгоҳи Тсукуба бо роҳбари ин муассисаи таълимӣ Кёсуке Нагата, ҳайати устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ мулоқоту суҳбати самимӣ доир кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Донишгоҳи Тсукуба яке аз муассисаҳои олии миллии Япония мебошад ва дар руйхати даҳ донишгоҳи беҳтарини ин кишвар шомил аст. Дар миқёси ҷаҳон бошад, донишгоҳ дар байни донишгоҳҳое, ки 50 сол қабл бунёд ёфтаанд, дар ҷойи 15-ум қарор дорад. Он таърихи беш аз 140-сола дошта, ҳамчун Донишкадаи омӯзгорӣ бунёд ёфтааст ва аввалин муассисаи таҳсилоти олӣ дар Япония мебошад.

Гуфта мешавад, Донишгоҳи Тсукуба дорои 9 факултаи риштаи бакалавр ва 10 факултаи риштаи магистратура, инчунин 7 барномаи докторантура буда, айни замон дар он наздики 17 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки аз он 2 ҳазору 500 нафарашонро донишҷуёни хориҷӣ ташкил медиҳад. Шумораи устодони донишгоҳ 2 ҳазору 376 нафар аст. Донишгоҳи Тсукуба дар 12 кишвари дунё намояндагии худро дорад.

Донишгоҳи Тсукуба бо муассисаҳои илмиву таълимии Тоҷикистон робитаҳои хубу босамар дошта, то имрӯз байни Донишгоҳи Тсукуба ва Академияи илмҳои ҶТ, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва Донишкадаи давлатии забонҳо  созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Донишгоҳи Тсукуба инчунин бо Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва федератсияҳои дзюдо, сумо ва карате-дои Тоҷикистон робитаҳои хубу дӯстона барқарор кардааст.

Дар ҳамин ҷо бо қарори Шӯрои илмии донишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Доктори фахрии Донишгоҳи Тсукуба” сарфароз гардонида шуд.

Зимни суханронӣ назди ҳайати профессорон ва шумораи зиёди донишҷӯёни муассиса Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои хуби ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи Тсукуба ва якчанд муассисаи илмиву таълимии Тоҷикистон, ки ба таври самарабахш рушд меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карда, нақши ин муассисаро дар таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос оид ба доираи васеи масъалаҳои сиёсати давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла равобити мутақобила бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсус таъкид намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...