Ба бахши молиявии Тоҷикистон бо франки швейтсарӣ кумак мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ҳамдастӣ бо Бонки ҷаҳонӣ лоиҳа оид ба устувории бахши молиявии кишварро таҳия намуданд. Лоиҳа аз ҷониби Департаменти федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO)-и Швейтсария маблағгузорӣ мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар мулоқоти муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нурлиев бо намояндагони лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба устувории соҳаи молиявӣ, ки рӯзҳои […]

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ҳамдастӣ бо Бонки ҷаҳонӣ лоиҳа оид ба устувории бахши молиявии кишварро таҳия намуданд. Лоиҳа аз ҷониби Департаменти федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO)-и Швейтсария маблағгузорӣ мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар мулоқоти муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нурлиев бо намояндагони лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба устувории соҳаи молиявӣ, ки рӯзҳои 1-3 октябр бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доштанд, масъалаҳои амалисозии лоиҳаи зикргардида баррасӣ шуданд.

Зимни вохӯрӣ Нуралиев қайд кард, ки бо мақсади солимгардонии низоми бонкии кишвар тайи се соли охир аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ислоҳотҳои зиёд рӯи кор омаданд. Таҳияи лоиҳаи устувори бахши молиявии кишварро ӯ муҳим ва саривақтӣ барои рушди низоми бонкии кишвар унвон кард.

Лоиҳа оид ба устувории бахши молиявӣ (Financial sector-stability Project) барои солҳои 2018-2021 пешбинӣ шуда, барои амалисозии он SECO 2,2 млн. франки швейтсарӣ ҷудо мекунад.

Директори Департаменти федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) Рето Вайерман изҳор намуд, ки тартиби нақшаи амалисозии лоиҳа  айни замон дар марҳилаи омӯзишӣ муҳокима ва баррасӣ мешавад.

Вайерман изҳори умедворӣ намуд, ки лоиҳаи мазкур хуб ва босифат амалӣ гардида, дар оянда барои ҷалби бештари сармоягузорӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон манфиат хоҳад овард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.