Бонки миллӣ иҷозатномаи боз як ширкати аудиториро бозхонд

Бонки миллии Тоҷикистон ширкати “Тоҷик Аудит Консалтинг”-ро аз рӯйхати ташкилотҳои аудиторӣ хориҷ намуд. Ин ширкат ба аудит (санҷиш)-и ташкилотҳои қарзии хурд машғул буд. “Ширкат бинобар пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ, риоя накардани қисми талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ ва Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ҳангоми гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ аз рӯйхат хориҷ шуд”, – омадааст дар […]

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон ширкати “Тоҷик Аудит Консалтинг”-ро аз рӯйхати ташкилотҳои аудиторӣ хориҷ намуд. Ин ширкат ба аудит (санҷиш)-и ташкилотҳои қарзии хурд машғул буд.

“Ширкат бинобар пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ, риоя накардани қисми талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ ва Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ҳангоми гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ аз рӯйхат хориҷ шуд”, – омадааст дар маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллӣ.

Гуфта мешавад, ҶДММ “Тоҷик Аудит Консалтинг” аз 3 октябри соли равон аз Рўйхати ташкилотҳои аудиторие, ки дорои ҳуқуқи гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ дар Тоҷикистон мебошанд, хориҷ карда шудааст.

Қаблан санаи 14 сентябр Бонки миллӣ иҷозатномаи ду ширкати баргузории аудит (санҷиш)-и ташкилотҳои қарзӣ – ширкатҳои “Аудитории Ш.Адолат” ва “БМҶ Аудит”-ро бозхонд карда буд. Барои ҳамин гуна камбудиҳо соли гузашта ширкати “Грант Торнтон” низ аз Рӯйхати ширкатҳои аудиторӣ хориҷ шуда буд.

Айни замон 10 ширкати аудиторӣ дар рӯйхати БМТ зикр шудаанд, ки ба онҳо барои гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ иҷоза дода шудааст: ҶДММ «Tоҷ-Аудит», ЧДММ «Делойт ва Туш», ҶДММ «Консультант аудит», ҶДММ «БДО», ҶДММ «Аудит-Консалтинг», ҶДММ «Бейкер Тилли Тоҷикистон», «Кроу Хорват ЭЙСИҶИ», ҶДММ «РСМ Тоҷикистон», ҶДММ «КРЕСТОН АС» ва Ernst & Young Ford Rhodes Sidat Hyder.

Боз як ширкати дигар – “Шарқ-Аудит” ба баргузор намудани аудити ташкилоҳои қарзии хурд ҳуқуқ дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио