Рустами Эмомалӣ шахсан футболбозони навраси тоҷикро пешвоз мегирад

Asia-Plus

Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16), ки дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия ба гирифтани медалҳои нуқра ноил гардид, пагоҳ, 10 октябр ба ватан бармегардад. Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ шахсан ба фурудгоҳ ба пешвози онҳо мебарояд.

Рӯзи 9 октябр ҳайати даста аз Куала-Лумпур ба Алмаато парвоз карда, рӯзи 10 октябр бо хатсайри ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба Душанбе меояд. Вақти тахминии ба Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе расидани онҳо соати 12:30 дақиқа аст.

“Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи мухлисони футбол ва намояндагони ВАО-ро ба фурудгоҳи Душанбе даъват мекунад, то ки футболбозони наврасро гарму самимӣ пешвоз гирем. Онҳо ба миллионҳо сокинони Тоҷикистон эҳсосоти хеле хушу гуворо ҳадя карданд. Ҳамчунин ба иштирок дар чорабинии идона дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ низ даъват мекунем”, – хабар медиҳад Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, баъди анҷоми пешвозгирӣ дар фурудгоҳ дастаи мунтахаби наврасон барои гузоштани гулчанбар ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба майдони Дӯстӣ меояд.

Гуфта мешавад, дар идомаи чорабиниҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе консерти идона бо иштироки сарояндагони машҳури кишвар ва беш аз 15 000 тамошобин бо ҳузури футболбозони наврас сурат мегирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...