Мусодираи боз 100 адад силоҳ дар Хоруғ. Онҳоро ихтиёрӣ супурданд

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷараёни ихтиёрӣ супурдани силоҳи оташфишон, ки ғайриқонунӣ дар дасти аҳолӣ нигоҳ дошта мешавад, идома дорад. Он баъди сафари президенти Тоҷикистон ба ин вилоят оғоз гардид. Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар ба ВМКБ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукуматҳои маҳаллиро дар самти таъмини ҳуқуқу тартибот […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷараёни ихтиёрӣ супурдани силоҳи оташфишон, ки ғайриқонунӣ дар дасти аҳолӣ нигоҳ дошта мешавад, идома дорад. Он баъди сафари президенти Тоҷикистон ба ин вилоят оғоз гардид.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар ба ВМКБ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукуматҳои маҳаллиро дар самти таъмини ҳуқуқу тартибот дар вилоят мавриди иниқоди шадид қарор дод. Сарвари давлат ба роҳбарони вилоят, ВКД ва КДАМ ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини тартибот дар шаҳри Хоруғ як моҳ муҳлат дод.

Баъди интиқоди президент дар робита ба вазъ дар Хоруғ, ҳукуматдорони вилоят аз аҳолӣ зиёда аз 100 адад силоҳи оташфишон мусодира намуданд, ки баъди суҳбату вохӯриҳои мақомоти милитсия бо аҳолӣ ихтиёрӣ супурда шуд, хабар дод як манбаъ аз Раёсати милитсияи вилоят.

Аммо вазъ на ҳамеша хуб аст

Аммо, ба гуфтаи манбаъ, танҳо як ҳолати итоат накардан низ ба қайд гирифта шуд: чанд рӯз пеш кормандони милитсия сокини 25-солаи шаҳри Хоруғ Соҳибназар Имомназаровро боздошт карданд. Ӯ ба муқовимат нишон додан ба кормандони милитсия ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани норинҷак (граната) гумонбар дониста мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД-и вилоят.

Автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”- и ӯ барои санҷиши ҳуҷҷатҳо аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА РВКД Тоҷикистон дар ВМКБ дар маркази шаҳри Хоруғ манъ карда мешавад.

“Зимни санҷиши ҳуҷҷатҳо ошкор шуд, ки шишаҳои воситаи нақлиёт бидуни ҳуҷҷатҳои дахлдор сиёҳ шуда, дар дохили автомашина норинҷаки ҷангии Ф-1 ва ду корд дарёфт шуд. Зимни кӯшиши боздошти Имомназаров ӯ муқовимат нишон дода, гурехтанӣ шуд, лекин боздошт шуд”, – хабар доданд аз РВКД.

Хоруғро аз унсурҳои ҷинояткорӣ пок мекунанд

Ӯ қайд кард, ки дар шаҳри Хоруғ бо мусоидати аҳолии маҳаллӣ маъракаи аз байн бурдани шишаҳои ғайриқонунӣ сиёҳшудаи автомашинаҳо, ҳамчунин мошинҳои бе рақами давлатӣӣ сабтшуда ҷараён дорад.

Қаблан дар хадамоти матбуоти раиси ВМКБ ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буданд, ки “дар кори супурдани аслиҳа, тозакунии шишаҳои автомашинаҳо ва бақайдгирии онҳо касе касеро маҷбур намекунад, аҳолӣ баъди изҳороти президент ихтиёрӣ ин корҳоро анҷом медиҳад”.

Пеш аз сафари президент ба вилоят КДАМ ва ВКД Тоҷикистон бобати мусодираи аслиҳа аз сокинони ВМКБ амалиёти махсус гузарониданд: 39 адад силоҳи оташфишон ихтиёрӣ супурда шуд, аз ҷумла 11 адад таппончаи тамғаи «Макаров», 8 адад силоҳи оташфишони тамғаи «АКМ», 1 адад пулемёт, 1 адад милтиқ (карабин)-и тамғаи СКС-7 ва 19 адад дигар намуд силоҳҳо.

Ин амалиёт аз 16 август то 8 сентябр дар қаламрави ВМКБ дар доираи чорабиниҳои роҳандозишуда аз ҷониби Ситоди байниидоравии ҷумҳуриявӣ бо мақсади таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ сурат гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.