Адвокат: Диловар Гуловро шиканҷа додаанд. Ӯ худро қисман гунаҳкор мешуморад

Баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Диловар Гулов, писари собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон Гул Шералӣ имрӯз дар суди ноҳияи Шоҳмансур идома дорад. Мурофиа, ки ҳафтаи гузашта оғоз гардида буд, дар реҷаи кушода мегузарад. Адвокати судшаванда Абӯбакр Қулматов дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” имрӯз изҳор намуд, ки Диловар Гулов дар суд худро қисман гунаҳкор шуморид ва изҳор намуд, ки […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Диловар Гулов, писари собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон Гул Шералӣ имрӯз дар суди ноҳияи Шоҳмансур идома дорад. Мурофиа, ки ҳафтаи гузашта оғоз гардида буд, дар реҷаи кушода мегузарад.

Адвокати судшаванда Абӯбакр Қулматов дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” имрӯз изҳор намуд, ки Диловар Гулов дар суд худро қисман гунаҳкор шуморид ва изҳор намуд, ки муноқиша бо иғво ва айби худи корманди милитсия рух дод.

“Дар суд ман изҳор намудам, ки зерҳимояам зимни боздошт ва нигаҳдорӣ дар ҳабс мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Истифодаи шиканҷа нисбати Гуловро бо исрори ман суд ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо кард”, – таъкид дошт адвокат.

Қулматов ҳамчунин хабар дод, ки нисбати зерҳимояи ӯ мутобиқи моддаи 237, қ. 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Авбошие, ки бо истифодаи яроқ ё предмети ба сифати яроқ истифодашаванда содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар сурати аз ҷониби суд эътироф шудани гуноҳаш ба ӯ аз 5 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

“Танҳо зерҳимояи ман Диловар Гулов дар курсии айбдорӣ нишастааст. Маълумоти ВАО дар бораи ҳамроҳи ӯ боздошт шудани боз чанде аз ҳаммаслаконаш асоси воқеӣ надоранд”, – изҳор дошт адвокат.

Имрӯз дар хадамоти матбуоти Суди олии Тоҷикистон маълумоти рӯзи 8 октябр дар “Азия-Плюс” нашршударо дар бораи аз ҷониби суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шудани Диловар Гуловро рад карданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз худи суди ноҳия хабар дода буданд. Дарвоқеъ бошад, мурофиаи судӣ ҳоло идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.